Воҳимаи куруновирус бо вуҷуди он ки хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овардааст, барои чанд табақа дар кишвар шароити мусоидеро фароҳам овард.

Намехоҳам дар ин навишта перомуни он ки пушти вабои асри нав чӣ бозии абарқудратҳо меистад ва чӣ гуна ин кишварҳо ангушти гуноҳро сӯйи ҳамдигар нишон медиҳанд, ҳарф занам. Чун ин мавзуъ то ҳол ба нуқтаи анҷоми хеш нарасидааст ва хулосабарорӣ, фикр мекунам, каме барвақт хоҳад буд.

Аммо, ин вабо нишон дод, ки то куҷо ҷомеаи тоҷик ба паёмади он тайёр аст ва чӣ вокунишеро пешорӯйи хеш хоҳад дошт.

Табли хатарро беш аз ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ навохтанд:

Агар ҳушдори табибону коршиносони соҳа ва чанд дилсӯзи миллатро як сӯ гузорем, бештар онҳое садо баланд карданд, ки дари Тоҷикистонро накӯфтани ин вабо онҳоро ба хашм овардаву беш аз хавфи гирифторӣ ба ин вабо, бештар азияти интизории хабари нохуш аз кишвар онҳоро нороҳат намуд.

Думболаи ин сарусадоҳо чораҳои пешгирӣ аз куруновирус ба эшон дастаке шуд, то аз мавҷудияти ин вабо дар Тоҷикистон сарусадо баланд кунанд ва дар фикри холи сиёсӣ гирифтан аз ин вабо андешанд.

Дар паёмади ин воҳимапароканиҳо нархи маҳсулоте, ки ҳеҷ гоҳ баланд намешуд, якбора ба осмон расид ва кисаи фурӯшандагони ин маҳсулотро ғафс кард.

Касе гуфт, ки дуд кардани ҳазориспанд ин маризиро мекушад ва нархи бандчаи он аз як сомонӣ ба панҷ сомонӣ баланд шуду дар бозорҳо камёфт гардид.

Дигаре гуфт истеъмоли сирпиёз  (“чеснок”), ки то ин дам бинобар бӯйи бад доштан камистеъмол буд, бемориро даво аст ва якбора нархи як килои он аз 10 то ба 80 сомонӣ баромад.

Саввумӣ эълон кард, ки яқин гуруснагӣ мерасад ва қимати халтаи орд аз 120 сомонӣ то ба 250- 300 сомонӣ расид.

Ниҳоят, қимати картошкае, ки ҳамеша деҳқон аз паст будани нархи он шиква дошт, чун “нони дуввум” аз 2,5 то се сомонӣ ва ҳатто то ба 15 сомонӣ баланд гардид.

Дигар сар шуд ҷанги иттилоотӣ:

Коршиносону журналистон аз ду ҷабҳа алайҳи якдигар размиданду гуфтанду шиква карданду дар симои ҳамдигар душман тарошиданд, яке ситоиши Вазорати тандурустӣ карду дигаре ба сӯйи он санг андохт, яке бо дурӯғу туҳмат сафи бинандаву хонандаашро зиёд карду дигаре бо ҳимоят аз табибон миқдори ҳаводоронашро кам кард.

Аммо, касе шояд ақл накард, ки дар ин мавсими киштукор бештар думболи коридани гандуму картошкаю сирпиёз шавад, то дар оянда муҳтоҷ нагардад.

Чунин менамояд, ки пешопеши ин вабои аср аввал воҳимаи он қадам мезанаду баъд худи ҷанобашон якояк кишварҳоро тасхир менамоянд. Агар не, миқдори гирифторону ҷонбохтагон аз СПИД-у саратон ҳамоно аз куруновирус бештар асту камтар не. Ду беморие, ки то ҳанӯз табибони олам давои онро наёфтаанд.

Пас, биёед аввал ҳазрати Воҳимаро аз шууру ақли хеш биронем ва баъд думболи рондани он аз ҷомеа шавем!

Чӣ гуфтед?

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Чанги кӯча баромад, дон ки, Коронавирус омад. Барои кул(л)и ҷамъомадагон сабри аюбӣ таманно мекънам. Бигузор ин касалии ҳамагир аз домани ҳеҷ кас нагирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь