«Журналист дӯст надорад ва ин андешаи шахсии ман нест. Ҳаёт ӯро маҷбур мекунад, то бо ҳама фосилаеро нигоҳ дорад. Дар акси ҳол, таваҷҷуҳ метавонад боис ба рӯй тофтани журналист аз воқеият шавад”.
Турко Дикаев
Турко Дикаев дигар нест.
Дигар мо хандаи дардноки ҳамешагии ӯро намебинем, суханони саршори истеҳзои ӯро бо далелу арқоми раднашаванда намешунавем, бо лабханд барои гуфтаҳояш каф намекӯбем, аз хондани мақолаҳояш ҷаҳон-ҷаҳон лаззат намебарем.
Дигар бо дили пур ба дилхоҳ журналисти русзабон тавсия дода наметавонем, ки танҳо Турко Дикаев метавонад ӯро дар ин шаҳр роҳбаладӣ кунад, воқеиятро гӯяд, забонро бошад, беҳтар аз эшон медонад.
Дигар бо дидани номи Турко дар рӯйхати ширкаткунандагони конфронс ё тренингҳое, ки берун аз Тоҷикистон дойир мешаванд, оҳи сабук намекашем:
Касе ҳаст, ки натанҳо ҳамнишинӣ бо ӯ гуворост, балки метавонад аз мо ва манфиатҳои мо дифоъ кунад!
Намедонам, дигар бо наздик шудани моҳи август, аниқтараш, баъди марги бармаҳали Акбари Саттор дар санаи 28-уми августи соли 2015 маро ларза мегирад:
Имсол навбати кӣ бошад?
Ҳамагӣ чанде пеш журналист ва муҳаққиқи тавоно Султон Ҳамад моро тарк гуфт ва инак Турко Дикаев…
Туркое, ки умрашро ба “Кулябская правда” бахшид, даҳҳо шогирду пайрав тарбия кард, дарси ҷасорати журналистӣ омӯхт.
Туркое, ки бо вуҷуди даҳҳо имконият, на фикри ҳиҷрату кор дар ягон расонаи бойи хориҷӣ кард, на дар ҷое аз бемаошию қашшоқӣ нолид.
Туркое, ки маълумот гирифта натавонистани журналистро гуноҳи худи ӯ медонист ва боре нашунидаам, ки ахбори лозимаеро аз идорае гирифта натавониста бошад.
Туркое, ки сояи аслии журналистикаи русзабон дар минтақаи Кӯлоб буд ва мардуми ин сарзаминро бештар аз бисёре аз эшон дӯст медошт, пиру барнояшро мешинохт.
Туркое, ки аз ҷониби САҲА ҳанӯз дар соли 2005 журналисти беҳтарини сол дар Тоҷикистон эътироф шудаву борҳо рӯзноманигори беҳтарини минтақаи Кӯлоб шинохта шуда буд.
Турко ҳамагӣ 69 сол умр дид. Мисли аксари журналистон рӯзҳои охир аз дарди дил шиква дошт.
Турко Дикаев далели воқеии он буд, ки дар Тоҷикистон мафҳуми “миллат” нақши муҳим намебозад, балки шаҳрванди кадом кишвар будан аҳамияти махсус дорад. Ӯ аз миллати чечен буд ва аз самими қалб Тоҷикистонро, Кӯлобро дӯст медошт ва тоҷикон ӯро барои мавқеи шаҳрвандиаш, барои ҷасораташ дӯст медоштанд.
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро ягон-ягон омада бурд…
Ёду номи некат ҷовидонӣ бод, Турко!
аз “бемаошию қашшоқӣ на нолид, вале аз дарди дил шиква дошт”, ёбу гир мантик,ро.