Ҳарчанд ин вожаи мӯдшуда дар замони шӯравӣ то андозае ҷойи худро ба вожаҳои «долларҷон» – у «санги сиёҳӣ» иваз кардааст, аммо ҳанӯз ҳам бо расидани фасли тобистон зиёд ба гӯш мерасад.

Сухан сари имтиҳони қабул нест. Зеро қабули низоми тестӣ пеши дилхоҳ тағо мушкиле ба бор овардааст, ки дигар ному насаб не, балки рақами мушаххаси ҷиянҷонро азёд кунад. Ва онро ҳам ба дилхоҳ мансабдори донишгоҳҳо не, балки фақат ба корманди техникӣ диҳад, ки сари компютер нишаста, хати тақдир менависад. Дар ин ҳолат, дилхоҳ корманди техникӣ метавонад хонаи чанд тағоро сӯзонад, чанд касро аз вазифа барканор кунад, фишори хуни чанд нафарро баланд намояду чанди дигарро ба беморхонаи касалиҳои қалб фиристад. Албатта, агар виҷдон дошта бошад…

Вале, сухан сари фақат мактаби олӣ нест. Имрӯз ба қавли баъзе аз огоҳон, фақат дар Кумитаи гумрук наметавонӣ тавассути тағо ба кор қабул шавӣ. Дигар вазъ ҳамоне ки солиёни сол буд:

– Тағо метавонад тавассути шиносу ошно, шахси вобастаю ба қавле «нону намакхӯр», туро ба кор гузорад…

– Тағо метавонад дар рушди тиҷорат ба ту кӯмак намояд ва кормандони мақомоти гуногун пишаки туро пишт гуфта наметавонанд…

– Тағо ҳатто метавонад дар як мактаби ибтидоӣ барои нобиноён корди туро болои равған кунад ва бигзорад то дар атрофат акаю амаку тағою янгаю домод ҳимоятгар бошанд…

– Тағо метавонад туро аз ҳама шарри дунёӣ нигаҳ дорад ва аз милисаю БДА, аз прокурору суд халос кунад…

Аммо, ба иваз чӣ?

Бар ивази ин, ту бояд ҳамеша дастурхондори тағо бошӣ, дар дилхоҳ ҳолат хони ӯро барои худашу арӯсҳои ранг ба рангаш, меҳмони хориҷиашу вазиру раиси ҷурааш пур кунӣ…

Бар ивази ин ту бояд даст болои сина дошта бошӣ, дар куҷо чанд ҳаммому дар куҷо кадом истироҳатгоҳи хилват бо тамоми шароит ҳаст, донӣ…

Бар ивази ин, чанд мошини ту бояд дар хидмати тағою меҳмонҳояш бошад ва дар дилхоҳ ҳолат бузу гӯсфанду гови ҳар лаҳза қурбонӣ мешуда, сигори дӯстдошта, машруботи писандида ва ҳатто носи маъқулшуда ба тағоро барои эҳтиёт дошта бошӣ…

Бар ивази ин, ҳар мушкили кӯчаке, ки барои тағо пеш меояд, – оғоз аз кадом «разборча» бо кадом тоҷир ё нозир то бархӯрду баҳс бо кадом журналисту кадом ришвадору прокурорро анҷом диҳӣ…

Бар ивази ин ту бояд гӯши тағо бошӣ, аз зангҳои занашу духтараш то бо кӣ шину хез кардани ронандаашро бояд донӣ…

Аммо, агар рӯзе нозу нузи тағо ба ҷонат занад чӣ? Ё фикр кунӣ, ки дигар худат тағо шудаӣ ва ҳоҷат ба хушомаду хидмат нест?

Аввал, тағо туро насиҳату миннат мекунад, то аз раҳи бад баргардӣ…

Дуввум, тағо ҳамон тавре дигарон дар ҳалқаи назорати ту буданд, туро зери назар мегирад…

Сеюм, оҳиста-оҳиста, ҳарчи дорӣ аз моли дунё, ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад ва аз кафат меравад…

Чорум, тафтиши мақомот оғоз мешавад: Аз прокуратура то раёсати сӯхторхомӯшкунӣ, аз мақомоти андозу оҷонсии зиддиришва то хадамоти санитарӣ…

Гуноҳҳои зиёду гӯшношунид ба сарат бор мешавад ва аниқ аст туро ду чиз интизор аст:

Кунҷи зиндон ё фирор!

Агар кунҷи зиндон рафтию тавбаю надомат кардӣ, шояд барвақттар (мисли Орипов Маъруфи «Орима») озод шавӣ, агар не, гуноҳҳои нав ба нав дар парванда пайдо мешаванд ва соли ҳабс меафзояд (ба мисли Зайд Саидов).

Аммо, агар имкон ёфтию гурехтӣ, ҷуз оппозитсияи тағо шудан, илоҷе надорӣ ва аз алами давраҳои роҳат худро як ҷабрдидаю шикаста аз дасти тағоҷон муаррифӣ мекунӣ.

Аммо, рӯзе туро мепурсанд:

Чаро то даме бо тағо будӣ, чашмат кӯру забонат лол буд?

Аниқ аст, ки посух ба ин суол аз ҷониби ту, дурӯғ аст!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь