Як орзуи ҷавонии мо ниҳоят амалӣ мешавад: “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ тибқи дастури Президенти кишвар бо теъдоди бузург нашр гардидаю мисли “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ тақдим мегардад.

 Дар ҷавонӣ бо ҳамсолонам орзуҳои зиёде доштем. Бадбахтона, ҷавонии мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Мо ҷойи бӯйи гул бӯйи борут шамидем. Захми дилу захми ҷисми мо шаҳодат аз он солҳо медиҳанд. Ёди неки Ҷӯраҷону Наргиси ғӯрамарги ҳамсабақамон ҳам. Яке аз орзуҳои ба назари мо амалинашаванда ин нашри “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ буд. Зеро ёд дорам, ки айёми тифлӣ достони ҷанги Рустаму Исфандиёрро бо ашкҳои шашқатор, такрор ба такрор мехондаму метарсидам то достони Сиёвушро бори дигар хонам. Зеро гумон мекардам, ки дилам бори дигар хондани ин фоҷиаро намебардорад. Ва ниҳоят рӯзи панҷуми декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Президенти кишвар дастур дод, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Ин хушхабар дирӯз буд. Ин субҳ бошад, боз як хушхабари дигар:

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуд.

Бале, ин ҳамон овозхони тоҷик аст, ки ҳамагӣ 25-сол дорад. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид. Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон каф кӯфтанд.

Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ гуфт: “ Ман мехостам исбот кунам, ки мардуми тоҷик ба ғайр аз корҳои сохтмонӣ, дар хондани суруд ҳам ҳунарвар аст.” Дар баробари ин ду хушхабар наметавон аз хушхабари сеюм чашмпӯшӣ кард:

“Номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид”. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Вале барои ман болотар аз ҳама амалӣ шудани орзуи ҷавониам буд. Ин ки дигар ҳар тоҷики баномус имкон дорад то шоҳномахонӣ кунад, таърихи миллати хешро донад, гузаштагони худро шиносад, бузургтарин хидмат барои миллати ман аст!

Гумон мекунам рӯҳи Фирдавсии нотакрор, ки чунин пешгӯйӣ кардааст, шод хоҳад шуд:

 Пай афкандам аз назм кохе баланд

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Ҳалолат бод пири Тӯс, ки пешгӯии пайғамбаронаат дуруст баромаду имрӯз ҳам аз саҳифаҳои “Шоҳнома” – и ту таъриху фарҳангу тамаддун ва достонҳои ҷовидонаи қаҳрамонии аҷдодони худро мехонем!

Умед аст, ки баъд аз ин силсилафилмҳои нави достонҳои “Шоҳнома” низ ба навор гирифта мешаванду орзуҳои марди хирад Борис Кимёгаров ҳам дар нимараҳ намемонанд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь