… Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кард,

На рӯйи биҳишт бинаду на бӯйи биҳишт…

(моли халқ)

Моҳи Рамазон дар мекӯбад. Моҳе, ки ба зоҳир ҳама худро тақводору мусулмони ҳақиқӣ мегиранд. Як моҳ намехӯранду наменӯшанд. Кӯшиш мекунанд, намоз гузоранду аз таровеҳ қафо намонанд. Яке аз рӯйи эътиқод рӯза мегирад, дигаре барои саломатӣ, саввумӣ барои худнамоӣ, чаҳорумӣ аз шарм. Сигору носкашҳо давоми ин моҳ асабию, ба қавле «сарвайрон» мешаванд, пурхӯрон рӯз мешуморанду рӯзи дарозро бо хоб сипарӣ мекунанд.

Ҳарчанд дилозорию ҳаққи мардум хӯрдан, сӯйиистифода аз Рамазон комилан амали ғайришаръӣ ҳисоб ёбад ҳам, мебинем, ки дар ҷомеаи мо баръакси ин фармудаҳоро маҳз дар Рамазон пиёда мекунанд. Дашному ҳақорати пулчинакҳои мусофиркаш аз хумори сигору нос, аз ташнагию гушнагӣ бештар мешаваду камтар не.

Аммо, муҳимтарин масъалаи ин моҳ ҳамоно якбора баланд бардоштани нархи маҳсулот аст. Чанд сол муқаддам ба шаҳрдори вақти пойтахт Маҳмадсайид Убайдуллоев пешниҳод шуда буд, то аз обрӯи имомхатибон истифода барад. Раиси вақти шаҳр ҳам дар ҳайати комиссияҳое, ки аз болои нарх дар бозорҳо назорат мебурданд, имомхатибонро ҷалб намуд. Аммо… бефоида. Комиссия, ки меомад, фурӯшандагон нархро мефароварданд, ҳамин ки аз дарвозаи бозор баромад, боз нархи пешинаро мегузоштанд.

Махсусан, амали гӯштфурӯшон аҷиб буд: Гӯшти лаҳм ба қиммати гузоштаашон буду гӯшти иборат аз устухон, нархе, ки масъулон талаб мекарданд.

Вақт нишон дод, ки зӯран ба сари инсоф овардани савдогарони бозор, ки бисёре аз онҳо ҳоҷӣ ҳам ҳастанд, дар ҳован об кӯбидан аст. Зеро ин талаби масъулон  «ҳоҷиён» – у савдогарони дигарро ба содир кардани гуноҳҳои дигар дар моҳи шарифи Рамазон водор мекард: Онҳо аз тарозу мезаданд ва ё моли бесифатро пешкаш мекарданд. Ҳатто баъзе аз онҳо бо нишони эътироз кор намебаромаданд. Ба қавле:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Илоҷ чист? Фикр мекунам, танҳо рақобат метавонад эшонро ба сари инсоф ораду аз мардумозорию ҳаққи мардум хӯрдан боздорад.

Қонун «дар бораи танзими расму ойин», ки фикр мекунам, аз беҳтарин қонунҳои қабулкардаи мо аст, дигар «шох» – ҳои давлатмардонро шикаст: На ифтори пурдабдаба монду на конфетҳои нестандарҷаҳони хони иди Фитр.

Рӯзе мераса бошад, ки «шох» – и хуни мардумхурони бозорҳо ҳам шиканад?

Умед мекунем…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь