Таҷрибаи ҷамъ кардани журналистонро дар семинару маҳфилҳо, вазоратхонаву корхонаҳои кишвар ҳам омӯхтанд: Як кофе-брейк ва нишастҳои матбуотӣ бе ягон суоли «газанда» сипарӣ мешаванд.

Масали хубе дорем: «Нон хӯрдӣ, ба намакдон туф макун». Ин зарбулмасали қадима, ки аз хурдӣ дар ёдгӯшаҳои тоҷикон ҳифз гардидааст, ҳамеша риоя мегардад. Дар аксар маҳфил, баъзе андеша ё суолҳои бо ҳадафи созмондиҳандагон номувофиқ то кофе-брейки аввал садо медиҳад. Тамом, агар Шумо тавонистед то танаффуси аввал пойдорӣ намоед, дилпурона натиҷаи мусбатро интизор шавед: Рӯзноманигорони Тоҷикистон анъаноти деринаро риоя карда, «нон хӯрда, ба намакдон туф намекунанд». Ва ин масал имрӯз дар нишастҳои матбуотии вазоратҳову ҳукуматҳо ҳам истифода мешавад.

Андешаи гузаронидани нишастҳои матбуотии вазоратхонаву корхонаҳо, ҳукуматҳои вилоятиву ноҳиявӣ, ки ба Президенти мамлакат тааллуқ дорад, дар оғоз умедворкунанда буд ва журналистон онро бо хушнудӣ қабул карданд. Охир, ба вазире, ки танҳо рӯзи таъиншавиаш ба ин вазифа аксашро дар ВАО дидаӣ, метавонӣ рӯ ба рӯ суоли дилхоҳ диҳӣ ва посух бигирӣ.

Аммо хурсандӣ дер давом накард: Аксар вазирон айни замон намехоҳанд симои зебояшонро ба намояндагони ВАО нишон диҳанд ва ҷонишину ҷонишинчаҳояшонро ба назди ПРЕССА мефиристанд. Ва дар ҳамин раванд, котибони матбуотӣ, ки аслан вазифаи ҷониашон эҷоду робита бо ВАО аст, серкору сертараддуд мешаванд. Ба ёд меоранд, кадом шинос ё ҳамсабақ, ҳамшаҳр ё ҳамсояи журналисташон дар кадом ВАО кор мекунад ва маҳз онҳоро ҷустуҷӯ карда, даъват менамоянд. «Изои бандаи мӯъмин ҳаром», табиист, суоли ҷиддиеро аз онҳо наметавон интизор шуд. Ба замми ин, дар солҳои охир баъзе марказҳои матбуотӣ садди чиние миёни роҳбарият ва ВАО эҷод кардаанд ва бо кадом суоле муроҷиат накунӣ, туро ба маркази матбуотӣ мефиристанд. Яъне рӯзноманигор чун медонад, ки хоҳ-нохоҳ баъди нишасти матбуотӣ бояд рӯзе ба маркази матбуотӣ муроҷиат менамояд, рӯйи хотир менамояд. Ба ин сабаб, дар баъзе нишастҳо кӯшиш менамоянд, то хабарнигорони «даҳони бефаровездошта» ё нашрияҳои аз камбудиҳои вазоратхонаашон навиштаро «фаромӯш» намоянд.

…Албатта, мо он қадар хоҳони он нестем, ки роҳбарони вазоратхонаву корхонаҳо, ҳукуматҳои вилоятиву ноҳиявиро аз забони модарӣ имтиҳон гирем. Танҳо мехоҳем эшон супориши гирифтаашонро аз сарвари давлат содиқона ба ҷой оранд.

Яъне мо фикр намекунем, ки низомномаи наве дар Дастгоҳи иҷроияи Президент тартиб дода шуда, дар он вақт барои суолу ҷавоб ва рӯйхати ВАО –и даъватшаванда зикр гардад. Ҳарчанд чунин менамояд, ки ниёз ба ин гуна низомнома пайдо гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь