Ҳошия
Бо орзуҳо ва хостаҳои Додоҷон Атовулло аз журналистикаю журналистон ҳамфикр ҳастам. Воқеан чунин бояду бошад. Вале ба қавли худи эшон боз ҳам ҳамон лаънатии “аммо”…
“Аммо”- е, ки ба қавли устод “нафратовар ва хушнаоянд” асту ҳамеша моро пайгирӣ мекунад.
Аммо, ки соли сипаришуда, барои журналистикаи тоҷик аз берангтарин солҳо буд!
Чунки ситорае навпайдо дар осмони журналистика надурахшид…
Чунки рӯзномаи навине дар кишвар аз хеш дарак надод…
Чунки расонаи иттилоотии ҷиддие руйи кор наомад…
Фақат пахши хабари маргу мири ин ё он журналисти соҳибном дар кишвар, таҳдид ба ину он рӯзноманигор аз ҷониби ин ё он мансабдор, бо баҳонаи “мушкили молӣ” пайиҳам ба фаромӯшхонаи таърих супорида шудани нашрияҳои чопӣ дар кишвар, ҳиҷрати ин ё он журналисти соҳибном ба хориҷа, пайдо шудани “тренд”- ҳои наве мисли фактчекинг бо иваз кардани ном аз забони русӣ ба англисӣ (аммо мавзӯъ ҳамон асту ҳамон!), пайдо шудани тарҷумонҳое дар ин ё он фазои журналистикаи минтақа, ки бешармона ҳатто дар сатҳи минтақа хешро намояндаи ВАОТ хонданд, мавзӯи серхонандатарин расона, – шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Фақат фаромӯш бояд нашавад, ки чанд раисе дар сатҳи вилояту шаҳр ба марказҳои матбуотӣ журналистони соҳибномеро ҷалб намудаву аз ному нуфузи эшон байни ҳамкасбон барои хеш сипар сохтанду бас!
Шояд барои раисон “шукрона”, ки чанд нафарро соҳибнон карданду дигар аз танқиди журналистони дигар муддате меосоянд, аммо шояд мусибат барои мо, ки чанд журналистро ба курсии чиновникӣ гуселонидем.
Соле, ки гузашт, идеологҳои Ҳукумат матбуоти чопии мустақилро бо эҷоди рақобати носолиму беҳунарона бо матбуоти чопии давлатӣ, (бо ҷудо кардани маблағ ба расонаҳои давлатӣ аз буҷа ва обунаи маҷбурӣ аз ҷайби омӯзгору табиб) бештар ба марг тела карданд ва мекунанд.
Соле, ки гузашт, расонаҳои интернетии мустақил зери “тирборон” – и Бег Сабурович, райиси Хадамоти алоқа, мурда-мурда зиндагӣ карданд. Гоҳе мезистанду (хонда шавад “дастрас буданд”), гоҳи дигар бо пахши “корномаҳо” – и беҷигаре сари мансаб, мемурданд (хонда шавад “баста буданд”).
Ҷаноби Додоҷон Атовулло, “дар тамоми шаҳр чароғе нест” (хонда шавад “дар ягон кунҷи журналистикаи тоҷик!”) ва умед ба фардои рушани журналистика якояк мемирад…
Аз ин хотир, бо вуҷуд, ки ҳамеша мегӯед “ҷойи шикоят аз торикӣ ақалан шамъаке зери пойи хеш рӯшан кунед то ба чоҳ наафтед”, марсияи пурсӯзе дар марги журналистикаи тоҷик нависед ва кӯшиши барҳадари зинда кардани ин мурдаро накунед.
Зеро Хизр бо асои сеҳрнокаш намеояд дигар!
Соли бадтаре аз он ки дар журналистика доштем, моро дар пеш аст!
Дар соли нав барои журналистикаи тоҷик изҳори ҳамдардӣ мекунам!
Ҷойи ин ҷавонмарг ҷаннат бод!