Тайёрӣ ба соли нави таҳсил оғоз гардид. Дар баробари қимати харидани либоси ягонаи мактабӣ, ки тибқи имкони волидайн аз ҳазор сомонӣ то панҷ ҳазор сомонӣ сарф мешавад, мушкилиҳои наве пешорӯйи хондагони мактаб пайдо шудааст.

Ёдам меояд, ки чӣ гуна дар оғози соли хониш чанд маротиба либоси нави харидаи волидайнро пеш аз вақт мепӯшидему назди ойина мерафтем. Мисоли аксар ҳаводиси вобаста ба мактабу донишомӯзӣ ин анъана ҳам дар хиёбони саргуми хотираҳо боқӣ монду бас! Дигар хонандагони ин замон барои харидани либоси мактабӣ се ё чор бор волидайнро овора намекунанду бо ҳавас либосҳои тозаро пеш аз саршавии таҳсил ба бар наменамоянд.

Дар миёни шарҳҳои зиёд перомуни тайёрӣ ба соли нави таҳсил ҳам кам шарҳеро мехонӣ, ки шикоят аз нодории волидайн кунаду баланд будани қимати хариди либоси мактабӣ. Аслан волидайн омодаанд то барои ҷигарбанд маблағи даркориро сарф намоянд, аммо чизи дигаре муҷиби ташвиши онҳо гардидааст, ки аксари хонандагон ҳаваси хондану донистан надоранд. Ҳар суоле пешорӯи онҳо пайдо гардад, метавонанд аз шабакаи ҷаҳонии Интернет пайдо кунанду посухи мувофиқ пайдо созанд. Дигар телефони пайваст ба Интернет барои онҳо ҳам китобу ҳам омӯзгору ҳам раҳнамою ҳам пайдокунандаи Идеали зиндагӣ, ҳам ҷаҳонбинии эшонро доир ба ҳаводиси ҷаҳонӣ маълум кунад. Масъулияти волидайн дар ин масъала дар рӯйи коғаз асту халос, дахолати муаллимро поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд медонанд. Акнун дигар ками дар ками хонандагон мехоҳанд то мисоли муаллими хушсухани адабиёт пешаи омӯзгориро пеша кунанд, мисли муаллими маетматикаю химия ҳамадону донишманд бошанд. Дигар идеали омӯзгор будан ба як интихоби охирини онҳое бадал гардидааст, ки роҳи дигаре ҷуз омӯзгорӣ надоранд!

Дар ҳамин ҳол вазорати маорифи Тоҷикистон пайваста аз нарасидани омӯзгорони ҳирфавӣ шикоят мекунаду аз он ки ҳазорон хатмкунандагони макотиби олии омӯзгорӣ муҳоҷириро аз омӯзгорӣ боло медонанд, ангушти надомат мегазад. Ростӣ ин ҳама ба мане, ки устухонам ба нони сахти омӯзгорӣ шах шудааст, алам мекунад…

Дар ин росто ба вазорати маорифи кишвар ва ба ҳама вазорату кумитаҳое, ки тақдири насли ҷавон барояш бетафовут нест, чанд пешниҳод дорам:

  • Омӯзгороне, ки ба синни хидмати сарбозӣ расидаанд, аз хидмати сарбозӣ озод шаванд.
  • Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ таъмини омӯзгорон бо манзил ё ҳади ақал қитъаи наздиҳавлигӣ дар ҷойи аввал истад.
  • Ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад, ки тибқи қарори махсус омӯзгоронро аз пардохти пули барқ, андози замин, хидмати коммуналӣ озод карда, курси тайёрии ҳатмии ҳарбиро дар синфи ёздаҳ ҷорӣ гардонад.
  • Тафтиши фаъолияти омӯзгорон аз ҷониби масъулини дигар ба ҷуз аз маориф манъ карда шавад.
  • Барои омӯзгорони собиқадор фарқияти синну солӣ барҳам дода шавад, яъне муаллими синнаш ба 63 расида, бо розигии шахсии худаш ё будани талабот ба он ихтисос аз мактаб берун партофта нашавад.
  • Ҳаҷми нафақаи омӯзгорон баробар ба амалдорони сатҳи баланд ҳисоб карда шавад ва пардохт гардад.

Танҳо дар ин ҳолат ҳамон суоли мӯдшуда дар солҳои наввади асри гузаштаро аз забони кӯдаки омӯзгор намешунавем:

“Дада, кай магазинчӣ мешавед?”

Боқӣ шумо донед, вассалом!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь