Ниҳоят мавҷи бетартибию нооромӣ ба Ҷумҳурии Беларус ҳам расид. Ба қавли президенти феълии он Александр Лукашенко, тарҳи ин эътироз берун аз кишвар кашида шудааст.
Интихоботи президентии имсола дар Беларус шояд аввалин маъракаи сиёсӣ дар ин мамлакат буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашид. Ба қавли коршиносони масоили сиёсӣ, сабаби эътироз он шуд, ки ин маротиба на рақибони ба истилоҳ “кисагӣ”, балки рақибони воқеии бетаҷриба ба майдон роҳ ёфтанд. Вале бо вуҷуди ин мардуми “хасташуда” аз як раҳбару аз як чеҳра ба дифои овозҳои номзади хеш баромаданд.
Бино бар эълони Комиссияи марказии интихоботи Беларус, беш аз 80 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз президенти феълӣ Александр Лукашенко овоз доданд ва наздик ба10 дарсад аз номзади мухолифон – Светлана Тихановская пуштибонӣ карданд. Ситоди мухолифон тавре ки интизор мерафт, натиҷаҳоро напазируфт ва аз қонуншиканиҳо ва тақаллуб дар интихобот шикоят пеш овард.
Талаби эътирозгарон аслан дар сари шахсияти президенти феълӣ аст. Норозиён мехоҳанд, ки дар ин кишвари пасошӯравӣ ҳам тағйирот сурат гирад. Айни замон мақомоти қудратӣ дар ин кишвар тавонистанд эътирозҳоро пешгирӣ кунанд ва барои пахши он аз норинҷаку тирҳои резинӣ, гази ашковар истифода бурданд. Аммо садои эътироз аз Минск ба шаҳрҳои дигари мамлакат доман густурда истодааст. То ин дам аз эътирозгарон як нафар кушта шудаву даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ се паёмади ин эътирозҳоро баршумурдаанд.
Аввалан, ба эҳтимоли зиёд мавҷи эътироз доман намезанад ва ҳамагӣ чанд рӯз идома меёбаду бо ҳамин хомӯш мешавад. Варианти дигар ҳам тахмин зада мешавад, ки эътирозу гирдиҳамоиҳо аз ҷониби мақомоти қудратӣ пахш мешаванд, аммо Ҳукумат наметавонад ҷомеаро ором созад.
Варианти саввум низ тахмин зада мешавад, ки мардум рӯз ба рӯз бештар ба майдон мерезанд ва нооромиҳо авҷ мегиранд.
Аммо бояд гуфт, ки нақши муҳимро мавқеи Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин қазия мебозанд, аз Александр Лукашенкои 65-сола пуштибонӣ мекунанд ё не.
Ҳақ бар ҷониби сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо аст, ки гуфтааст: “… пирӯзии Лукашенко ба маънои ҳифзи истиқлолу суботи ин кишвари пасошӯравист. Вақте давлат ҳифз шуд, баъдан метавонед ҳама лоиҳаҳо, чӣ демократия ва чӣ либерализмро дар дохили ин сохтор амалӣ кунед. Ҳоло ҳифзи хона муҳимтар аз ҳифзи чӣ гуна рангубор кардани он аст”.