То ба имрӯз аз вируси навпайдо дар Чин беш аз 80 нафар ҳалок ва наздики 3000 нафар бистарӣ шудаанд. Ширкатҳои туристӣ ва ҳавоӣ алоқа бо ин давлатро қатъ карда, дар садади аз ин кишвар берун баровардани шаҳрвандонашон ҳастанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Чин ҳам бо пахши як муроҷиатнома ба шаҳрвандон онҳоро ба тамкину оромӣ даъват намуд. Дар муроҷиатномаи сафорат ба донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар, ки тавассути WeChat пахш шуд, аз ҷумла омадааст: “… Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Ҳубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард”.

Ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи 30 донишҷӯяшро аз вилояти Ҳубей ба Ватан бармегардонад. Мувофиқи маълумоти сафорати мо бошад, дар ин шаҳр 48 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. Қаблан донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Вуҳан тавассути расонаҳо, аз ҷумла сомонаи “Ахбор” изҳори ташвиш карда буданд, ки эълони карантин дар ин шаҳр ва то 3 маротиба боло рафтани нарху наво онҳоро дар як вазъи мушкил қарор додааст ва онҳо дар ин шароит намедонанд чӣ кор кунанд ва ба куҷо раванд? Сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин ҳамчунин хостааст, ки дар ҳолатҳои фавқулодда фавран ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат намоянд”.

Сомонаи «Ҳамсинф» (“Иттилоот”) рӯзи 27-уми январ зери сарлавҳаи «Коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод» навишт, ки «пас аз ворид шудани ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз Чин, яке аз мусофирон, марди миёнсол, ки шахсияти ӯ номаълум аст, дар ҳавопаймо ба ҳалокат расид». Ин иттилоъро котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода қатъиян рад намуда, иброз дошт, ки то ҳол дар ҷумҳурии мо ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Дарвешзода, тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон тамоми парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба самти Чин ва ширкати South China Airlines ба самти Тоҷикистон қатъ карда шудаанд. «Инчунин, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  тепловизор ва термосканерҳо (таҷҳизоте, ки ҳарорати бадани мусофиронро ба қайд гирифта, сабт мекунанд) насб карда шудаанд»,- гуфт котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳам хабари мазкурро дар мавриди гӯё дар Тоҷикистон ҳалок шудани одамон аз бемории коронавирус рад кард. «Сомон Эйр» гуфт, ки хабар дар бораи дар ҳавопаймои ин ширкат ҳалок шудани як мусофир ҳангоми парвоз аз Хитой ба Тоҷикистон ҳақиқат надорад.

Бояд гуфт, ки пештар аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки сафарҳои корӣ ва сайёҳиро ба ҶМЧ муваққатан маҳдуд намоянд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Непал, Малайзия, Япония, ИМА, Франсия ва Канада ба чашм мерасанд.

Ҳадсу тахмину гумон дар бораи сарчашмаи пайдоиши ин беморӣ гуногун аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора даҳҳо фарзияҳо садо медиҳанд. Яке менависад, ки сарчашмаи он кӯршабпарак аст, дигаре истеъмоли бананро сабаб медонад, саввумӣ тахмин мекунад, ки ин вирус аз мол ба инсон гузаштааст.

Вале барои шаҳрвандони тоҷикистонӣ як чиз яқин аст:

Бо баста шудани роҳ ба сӯйи Чин қимати молу манол дар бозорҳои мо баланд мешавад ва чун ҳамеша аз ин ҳолат савдогарони бевиҷдон мисли моҳи Рамазон истифода хоҳанд бурд.

Болоравии қимати маҳсулоти чиниро интизор бошед!

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Точ,ики гарданкаши лашкаршиканро ягон вирус куштан наметавонад, исбот шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь