Моҳи рамазон омад. Чун ҳамеша нархи маҳсулот дар осмон. Кӯшиши мақомот барои ба тартиб даровардани қимати маҳсулот, даҳ сол бештар шуд, самаре намедиҳад. На мавъизаи муллоҳо таъсир мекунад на нақли гӯру қабр, на тарсонидан аз ҷаримаю ҷавобгарӣ.

Нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар сахт шабеҳ ба ҳукми додгоҳҳои кишвар аст: Агар барои “озор” додани қалби вазирзодае, вазирдомоде, раисе, мансабдоре судяҳо ҳарчи аз даҳонашон ояд, мегӯянду талаби ҷазои камтарин, – аз ҳашт то даҳ сол мекунанд, дар бозор ҳам савдогари ҳаннот ҳарчӣ аз даҳонаш (даҳони рӯзадор, ё наузамбиллоҳ) ояд, ба сари гелосу тутзаминӣ нарх мегузорад, ки қиммати инҳо аз шасту ҳафтод сомонӣ гузаштаасту касе ҷуръат надорад ин қиматро ба низом орад. Шабоҳатро дар ин ду амал дидед? На? Як бегуноҳе (ё шояд гунаҳкоре) умед дорад ва наздиконаш низ умедворанд, ки додрас (охир ӯ додрас аст, бояд ба дод расад) ба ӯ ҷазои камтарин медиҳад, аммо рӯзи ҷазо ба бадтарин муҳлат ҳукм мешавад. Пиёз дар бозорҳо камчин мешавад, харидор гумон мекунад, ки фардо албатта савдогарон деҳқонҳоро пайдо карда, пиёз меоранд ва нархи он, ки 3 сомонӣ буд, ҳадди ақал 5 сомонӣ мешавад, аммо аз хоб бедор мешавад, ки пиёз 12 сомонӣ шудааст.

Дигар савдогарони ҳарду бозор на аз ҷавобгарии ин дунё метарсанд на аз азоби он дунё.

Як роҳ мондааст: Ҷомеа дигар бояд шиками худро идора кунад! Чаро? Чунки дигар ба қавли шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ “шикам таҷассумгари инсон шудааст!”.  Вале магар ҷомеа ин корро метавонад? Метавонад ба хотири арзишҳои дар бозори имрӯз беқадру беарзиш, чун виҷдону нангу инсофу сабр аз баҳри шикам гузарад?

Метавонад! Медонед, чӣ гуна? Масалан ман имсол тути заминӣ намехарам ва ба касе ҳам харидории онро тавсия намедиҳам. Баръакс, чанд маводе, навиштае пайдо кардаву исбот мекунам, ки тути заминӣ дар ҳолате серҳосил мешавад, ки аз ҳоҷатхона баҳра бардорад. Бо тасаввури ин гуна тути заминӣ дили шумо шӯрид? Мешудааст ку?

Фақат як огоҳӣ: Мабодо дастандаркорон сар ҷунбонанд, шумо роҳи ҳалли масъаларо дар ҷунбонидани шикам набинед!

Марг ба шикам!

Ба шикаме ки ҳам дар додгоҳ ва хам дар бозор ором надорад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь