Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,
Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Одат надорам ба пешаи худ санг занам. Бад гӯяму ба бадие муттаҳамаш кунам. Ҳамингуна, мекӯшам то ҳамкасберо наранҷонам, чун “қимати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист…”. Замоне сояи ҷудоӣ миёни ду ҳамкасб афтод, ҳатман ёдовар мешавам, ки ҳамқалам ва ҳамалам ҳастанд, инро ба гӯшаи фаромӯшӣ насупоранду бидонанд, ки агар сатре баъди марг дар сӯгашон касе навишт, ҳамоно ҳамкасбашон асту бас! Аз ин рӯ, ба ишқи хеш ба қаламфарсоӣ, ба дӯстдор, ба лаҳзае, ба рӯзе, ба моҳе дашном намефиристам, чун ин эҳсоси худи ман, интихоби дили ман будаву бошад!
Акнун саргум мондаам.
Намедонам баъзеро, ки мисли ман ашки қалам мерезанду андар ситоиши ину он фақат ҳарфи хушоянд мебофанду месозанду мегӯянду бовар менамоянду гумон доранд дигарон бовар мекунанд, аммо дар ҳамин ҳол, хешро рӯзноманигор меҳисобанд, чӣ ном гузорам?
Намедонам онеро, ки то дирӯз рӯзноманигори сатҳи миёна буду ба талоши ману мо баринҳо ба ҷое расиду дигар хешро ҳокими қаламу гуфтору пиндору рафтори ҳамкасбони дигар мегуморад, чӣ бигӯям?
Намедонам нафареро, ки дар даҳ соли ахир ҷуз чанд ҷумлаи подарҳавои фейсбукӣ сатре аз мушкили ҷомеа нанавиштаасту аз минбарҳо дарси рӯзноманигорӣ медиҳаду ақл мешавад, то минбаъд кадуро тарбузчинг бояд номем, чӣ ном гузорам?
Намедонам…
Ману Мо ангуштшуморему онҳо лак-лак.
Шояд вақти он расида, то “берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш?”…
“Асо биёр, ки вақти асову анбон шуд?”…