Баъди солҳои дарози шикоят аз амалҳои Бег Сабур – раиси Хадамоти алоқа, ниҳоят масъулин иқрор шуданд, ки мавсуф ба камбудиҳои зиёд даст задаасту мебояд думболи ислоҳи камбудиҳои роҳдодаи ширкатҳои сохтмониаш шавад.
“Фараж”, дар замоне ки нашрияҳои худро беҳтарин меномидаи кишвар ҷуръат надоштанд ҳатто хабари одии журналистонро перомуни қонуншиканию хонафурӯшиҳои ин мансабдори давлатӣ нашр намоянд, тадқиқоти анҷомдодаи журналист Ёқуби Ҳалимро дар моҳи феврали соли 2019 нашр карда буд. Дар ин тадқиқот, ки метавонед дар ин суроға пайдо кунед (https://farazh.tj/sahifai-asosy/hukumat/honahoi-beg-sabur/), журналист бо истифода аз чанд суҳбати мансабдори давлатӣ хонафурӯшиҳои ин мансабдорро фош карда буд. Ин тадқиқот вокуниши ҷиддиеро ба миён овард ва дар даҳҳо сайту оҷонсию нашрияҳо бознашр гардид.
Ин раис бо булаҷабиҳои хос ба худаш, ҳатто Жириновскийро ба як нӯл мезаду даҳҳо хабаргузорию нашрияҳоро лаби об ташна бурда, ташна меовард. Дар аввал, замоне ӯ гуфт, ки ҳама бояд ба ҷойи машина ба дучарха нишинанд, бисёре фикр карданд, ки тасмими мазкур таъсири сафарҳои хориҷии Бег Сабур аст. Дар ин кишварҳо аз машина дучархаро авло медонанд, ки ҳам барои саломатӣ ва ҳам барои муҳити зист муфидтар аст. Вале, думболаи он мавсуф дар суҳбати дигар бо рӯзноманигорон гуфт, ки сабаби қатъ шудани алоқаи тилфонӣ ва интернетӣ бо баъзе минтақаҳои кишвар… тири як шикорчӣ аст. Шикорчии ноуҳдабаро ба ҷойи сайд, хатти алоқаро нишон гирифтааст.
Ҳанӯз ин варсоқии раиси Хадамоти алоқа аз сари забонҳо нарафта буд, ки мавсуф дар як суҳбати тилфонӣ бунёдгузори “Фейсбук”-у “Ютуб”-ро ба қабулгоҳаш даъват кард, то омада, андоз супоранд. Ҳанӯз ин моҷаро ҳам анҷом наёфта, тобистони соли 2017 Бег Сабур ширкатҳои номарасон, аз ҷумла DHL ва Fedex-ро аз бозори Тоҷикистон ронд ва ба мардум “маслиҳат” дод, ки номаву аснодашонро бо “Почтаи тоҷик” фиристанд. Дар натиҷа, номае, ки ширкатҳои байналмилалӣ дар 3 рӯз ба як кунҷи дигари дунё мерасониданд, ҳоло бо баракати “Почтаи тоҷик” як моҳро сарфи роҳ аз Тоҷикистон ё ба Тоҷикистон менамояд. Моҳи апрели соли 2019 бо ташаббуси Хадамоти алоқа сабти сим-кортҳо боиси саргардонии миллионҳо нафар дар Тоҷикистон гардид. Ширкатҳои хурди сим-кортфурӯширо аз ҳаққи фурӯхтани сим-корт маҳрум карданд ва ин ҳақ ба таври истисноӣ ба ду ширкати то кунун ноошнои “О-Мобайл” ва “Ошно-Групп” дода шуд, ки тавре баъдан маълум гардид, ба фарзандони худи Бег Сабур тааллуқ доштаанд.
Бо қарори бедалел ва он ҳам аз як василаи осону арзони тамос бо хонаводаҳояшон маҳрум кардани садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик мавҷи хашму ғазаби муҳоҷиронро ба бор овард. Барои се рӯз (аз 4 то 6-уми январ) барои зангҳои телефонӣ дастнорас шудани шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон борони нави вокунишҳои манфӣ нисбат ба Бег Сабур ва идораи ӯро ба бор овард.
Тамоми ин муддат масъулини давлатӣ дар ҳама сатҳ об ба даҳон гирифтаю пинҳонӣ ба булаҷабиҳои содиркардаи Бег Сабур механдиданд, аммо дар минбару пеши хабарнигорон об бар даҳон мегирифтанд.
Ниҳоят, ба қавле косаи сабр лабрез гардид:
Ҷамшед Аҳмадзода – раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, феълан ба ширкати “Комил-2010”, ки ба хонаводаи Бег Сабур тааллуқ дорад, ҳушдор додаанд, ки дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо дар муҳлати кӯтоҳ, иҷозатномаи ширкат бозхонд карда мешавад.
“Ҳозир Хадамоти давлатии назорат якҷо бо хадамоти иҷозатномадиҳӣ кор бурда истодаанд, ҳар як иншооти ин ширкатро санҷида истодаем. Агар ин корҳо ислоҳ нашаванд дар муддати кӯтоҳ, мо литсензияи “Комил 2010”-ро мегирем”,- изҳор доштааст раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Масъулини Кумитаи меъморӣ камбудиҳои асосии ин ширкатро дар он дидаанд, ки “худсарона, бидуни гузаштан аз экспертизаи давлатӣ, корҳои сохтмониро оғоз мекард ва дар рафти сохтмон ошёнаҳои иловагиро зам мекард”.
Думболаи он, ба қавли хабаргузории “Спутник”, “Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пайи гирифтани мактуби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши кори ширкати “Комил 2010”-и Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дастур дод”.
Хулоса, гумон меравад “Шоҳи алоқа” аз “зиреҳпӯши яхин” берун ва об мешавад. Дар ҷомеа бошад, табли шодӣ мекӯбанду суол мегузоранд:
Навбати зиреҳпӯшҳои дигар кай мерасад?
Яхҳо об мешаванд, ҷанобон…, ҷаласа идома дорад!