“Даҳаи сеюми моҳи июл баландшавии ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад”,- хабар додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар бо истинод ба Оҷонсии обу ҳавошиносии мамлакат.
Тобистонро дӯст намедорам. Шояд ба он хотир бошад, ки бори аввал маҳз дар як рӯзи тафсони ин фасл ғарқ шуда будаму танҳо бо кӯмаки ҳамсолон зинда мондам. Аз он рӯз оббозиро ҳам бад дидам ва ҳам фаромӯш кардам.
Сабаби дигари дилхунукиам ин буд, ки дар деҳаамон ҳар сол ду-се нафар аз дасти нобасомониҳои зиндагӣ ё урфу одати тоқатфарсо, хешро ба коми дарё мепартофтанд. Ва ин ба мани кӯдак, ба руҳияи ман таъсир мерасонд. Баробари хешовандону пайвандони марҳум мотам мегирифтам, месӯхтаму мегиристам.
… Ҳар соле аз ину он гӯша маҳз дар ин фасл хабари ғарқ шудани нафареро мешунаваму мебинам. Имсол ҳам истисно нест. Рақамҳои оморӣ ба ин шаҳодат медиҳанд.
Аксар ҳалокшудагон кӯдаконанд. Онҳое, ки бештар ин фаслро маҳз барои оббозӣ дӯст медоранду худро ба ҳар як кӯлу дарёю ҳавз мезананд. Бо марги муфоҷои хеш ба дили модаре доғ мемонанд, падареро умрбод аз оббозӣ дилхунук менамоянд.
Варзоб имсол ҳам дар ин гармо лабрези мардум аст. Кӯлу ҳавзҳо ҳам. Ҳама аз гармсел мегурезанд. Тавре ки аз мушкили зиндагӣ гурезон шуда, касе хешро ба Русия мезанад, касе ба Аврупо.
Аммо, аҷиб ки касе намепурсад:
– Ҷисми тафсонатро бо оби сард таскин медиҳӣ, вале қалби сӯзонатро куҷо хоҳӣ бурд?