Зимистон меояд. Фасли сардӣ ва хунукӣ. Дар баробари ин, тахмин заданҳо дар бораи тағйирот дар Ҳукумат ва мансабҳои калидӣ, ки чанд сол боз машғулияти дӯстдоштаи коршиносони орзупарвар шудааст, бештару бештар ба гӯш мерасад ва деги баҳсу гумонро дар фасли дай гарм нигоҳ медорад.

Аслан, дар мавриди тағйирот ё ҷойивазкуниҳо беҳтар аз Озарахш касе нагуфта:

Солҳо шуд ҷойи корам шуъбаи фарҳанги симову садост,

Кори ман чӣ?

Як раис омад сайисӣ кард ё сайис омад раисӣ?

Воқеан, кори ману шумо чӣ, кӣ омаду хӯрд, кӣ ҳам хӯрду бурд? Муҳим ин ки барои ману шумо чизе тағйир намеёбад. Ва ҳамин тавр, барои ҷомеа ҳам. Касе туфлиашро ЛАК мезанад, туфлии касеи дигар ранги ЛАК-ро дигар намебинад.

Меҳрубону дилсӯз, нармгуфтору дасткушод будан, дигар меъёри баҳодиҳӣ ба роҳбар ё мансабдор нест, зеро СИСТЕМА ба вуҷуд омадааст ва дигар мурватеро дар ин система суст ё таранг карда наметавонӣ, зӯрат намерасад, «шаҳри якчашма, ки рафтӣ, якчашма хоҳӣ шуд».

Аммо дирӯз як рафиқам, ки мансабчае дар як ноҳияи дурдаст дорад, занг зад ва ботантана хабар дод:

– Имсол дилзанак барвақттар оғоз меёбад!

Хостам гӯям, ки ба ту чӣ? Ба ту чизе мерасад?

Ӯ гӯё суханамро фаҳмида бошад, идома дод:

– Фалон дӯстам ба фалон вазифа мерасад ва фалонӣ аз фалон вазифа мепарад.

Хостам гӯям, ки:

– Аз омадану рафтани ӯ суде ку?

Аммо хомӯшӣ ихтиёр кардам ва ба худ андешидам, ки агар дар кишварҳое чун Мексикаю Бразилия, Англияю Италия ва садҳои дигар футбол як омили саргармкунанда ва сабаби лаҳзае аз воқеоти рӯзгор фориғ шудан бошад, барои ононе, ки мансабча доранд ё дар орзуи мансабча ҳастанд, дар ин фасли сард маъракаи «Дилзанак» то ҷойе омили аз ташвиши ҳезуму ангишту таппак, оби гарму гармию барқ барои рӯзе, ҳафтае, моҳе фориғ шудан гардидааст. Эшон пушти тахминҳо, гумонҳо, фарзияҳо медаванд, пич-пичу гӯшакӣ дар чойхонаю ресторан, дачаю сауна барои муддате одат мешавад.

Аммо барои муддате!!!

Ҳамин ки феврал расид, тарбузи баъзе аз бағал афтидаю касеи дигар дар ҳасрати тарбуз аз баҳсу баррасии ин қазияҳо лаб фурӯ мебанданд, тағою ҳамшаҳру ҳамсабақи мактабию донишгоҳии мансабгирифтаҳои лозимаро мекобанд, то «дасташро равған кунанд» ва ба утоқи мансабдор бо лаби инҷ дароянду пурсанд:

– Фалон чӣ маъқул шуд, ака?

«Ака», ки лаб бурма кард ё «равған»-ашонро ситоиш накард, ба ғам мепечанд, дар фикри ҳадяи дигар меафтанд. Мекобандееее… ва меёбанд. Аз сигори дӯстдошта то аспи писандида, аз вискии писандида то машинаи хушомада…

Мебинӣ, ки чӣ гуна мансабдори дар аввал бовиқору дағал, ростшунаву ростгӯ, адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ чун мум мулоим мешавад, шикамчааш тарбузча мешавад, дигар худаш фармоиш медиҳад, ки «ҳой, фалону фалон оред».

Агар ки то мансаб гирифтан аз тарси «агентҳо»-и даъвогари дигар ба вазифа дар хонааш хӯрок мехӯрд, ҷойи котибаро ба котиб дода буд, ҷияну аммабачаро ба коргоҳаш омадан намемонд, дигар баръакси инро мекунад ва оҳиста-оҳиста ба як мурватаки ин СИСТЕМА бадал мегардад…

– Хайр, дӯстам, агар рафиқам мансаб гирифту ба ман ҳам чизе расид, туро ҳам фаромӯш намекунам, – дӯстам хушҳолона гӯширо монду ба ёдам қиссаи дигаре расид:

Дар рӯзи интихоби вакилон аз деҳқоне, ки дар сари замин кор мекард, пурсидаанд:

– Ба кӣ овоз додед?

Каландро як тараф монду гуфт:

– Ман, ба ҳамин каландам овоз додам, чунки пагоҳ ҳамин каланд ба ман нон медиҳад, на онҳое, ки депутат мешаванд ё мансаби нав мегиранд…

P.S: Ин навиштаи соли 2017 буд. Мебинам, ки чизе тағйир наёфтааст, нахостам чизе илова ё кам кунам. Бетағйир!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь