Тахмин меравад, ки маросими имсолаи иваз ё сабукдӯш намудани вазирону раисон нисбат ба солҳои пешин вазнинтар хоҳад гузашт.
Соли оянда барои Тоҷикистон соли тақдирсоз аст. На барои он ки барои дарозмуддат баъзе аз вазирону раисони вазорату кумитаҳои калидӣ дар сари вазифа мондаанду эҳтимоли рафтанашон ҳаст, балки соли дигар дар мамлакат соли интихоботи парлумонӣ аст ва охири сол ва ё оғози соли 2021 интихоботи президентӣ ҳам бояд доир шавад.
Табиист, чун одат дар оғози ин гуна маъракаҳои сиёсӣ, барои гарм кардани дили овоздиҳанда сабукиҳое пешкаш мегардад, ки гумон меравад ин кор аз мақомоти андоз шуруъ хоҳад гардид. Зеро ба таври бесобиқа берун шудани соҳибкорон аз кишвар, баста шудани корхонаҳою фабрикаҳо водор менамояд, то дар ин масъала низ дигаргуние сурат гирад.
Шикояти ҳамешагӣ аз мақомоти судӣ бо вуҷуди ҳабсу барканор кардани судяҳо ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад ва гоҳ-гоҳе ситоиши аспдӯстдории раиси Суди Олӣ ва аспҳои қиматбаҳои ӯ, табиист, ба шиками гуруснаи шаҳрвандон, ки дар ғами халтаи орду пораи гӯшт ҳастанд, намефорад.
Бо вуҷуди шикояти бемислу монанд аз хулосабарориҳои раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур, посухҳои хандаовари ӯ ба суоли хабарнигорон, мавсуф гӯиё ба ин курсӣ ширеш карда шудааст. Ба эҳтимоли зиёд барои “гарм” кардани дасту дили истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти Ҳукумат, мавсуф ҳам бо вазифааш хайрухуш карда, думболи сохтмонҳои бешумораш, ки аз сифати он сари қадам шаҳрвандон забони шиква кушодаанд, хоҳад буд.
Мева қимат, гӯшт бештар аз он ва ниҳоят нархи орд ҳам ба осмон расид. Аз таҷрибаҳо метавон хулоса кард, ки “гунаҳгор” пайдо карда шуда, истинтоқи ӯ манзури ҳамагон хоҳад гардид.
Шикояти бешумор аз фаъолияти бемаҳсули дастгоҳи идеологии Ҳукумат ҳам умедвор месозад, ки дар ин соҳа низ тағйироте сурат хоҳад гирифт ва вазъи натанҳо журналистикаи дохилӣ, балки фарҳангу иттифоқҳои эҷодӣ рӯ ба беҳбуд хоҳад овард.
Аслан, дар мо масали “аз иваз шудани ҷойи ҷамъшавандаҳо сумма тағйир намеёбад” ҳаргиз ба инобат гирифта намешавад. Ин аст, ки вазире аз як курсӣ ба курсии болотар ё пасттар мепараду бас! Чунин менамояд, ки бо гирифтани унвони сабти ном нашудаи “раис” дигар ин нафар то нафаси охирин раис мемонад.
Ин ҳама фақат гумону тахмин аст. Интизор мешавем, ки чӣ хоҳад буду чӣ хоҳад шуд…
Интизор мешавем, ки чи хоҳад буду чи хоҳад шуд…