Фоҷиаи рухдода собит мекунад, ки ҷомеаи журналистӣ дар ҳимояи номуси хеш хеле дер кард. Ин “мушти пас аз ҷанг”–ро дигар бояд пеш аз ҳама ба сари худ зад.
Шояд, ҳафтае муқаддам касе тасаввур намекард, ки маҳз қазияи ба сари Далер омада ба рӯҳи мурдаи журналистикаи тоҷик ҷон медамад ва ҳатто ононеро, ки то дирӯз алайҳи баъзе мавқеъгириҳои ӯ садо баланд мекарданд, ба пуштибони вай бадал мекунад. Минҷумла, ман ҳам дар интихоби мавзеъ барои сӯҳбати Далери Имомалӣ ва муҳаррири бахши тоҷикии “Азия-Плюс”, Иршод Сулаймонӣ изҳори норизоӣ карда будам. Иршод барои сӯҳбат сари қабри собиқ Райиси Иттифоқи журналитсони Тоҷикистон, Акбари Сатторро интихоб карда буд. Акбареро, ки ҳарфи бадеро аз ҳамкасбонаш хуш надошт ва ҷонибдорӣ намекард. Дар баробари ин, аз рӯйи урфу одат ва одати мусулмонӣ ҳам нест, ки дар сари қабри шахсе бинолӣ, ки барои марҳум он пеша муқаддас ҳисобида мешуд.
Аммо баргардем сари қазияи нави Далер: Баъди пахши ду-се гузориши видеоӣ сари мушкили мардум дар Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, ки мушкили мардум ба ин ноҳия рабт мегирифт, як корманди мақомоти ин ноҳия Далери Имомалиро чанд шаппотӣ мезанаду таҳдид мекунад. Ин қазия бомбаеро мемонд, ки шабакаҳои иҷтимоиро тарконд.
Тавре ишора кардам, ман ҳам медонаму медонистам, ки Далер ҳангоми инъикоси ин ё он мавзӯъ ба баъзе хатоиҳо роҳ медиҳад ва дар инъикоси мавзӯъ як каме ба эҳсос дода мешавад, ба ҳарфи шикояткунанда бовар менамояд, вале ин маънои онро надорад, ки як мансабдори сатҳи ноҳиявӣ дилхоҳ касеро, ки дар ҷомеаи журналистӣ мавқеву ном пайдо кардааст, даъват карда ба рӯйи вай шаппотӣ бизанад. Далери блогер, ки ба наздикӣ масъалаи блогер ё журналист буданаш миёни ҳамкасбони бузургсолаш баҳс мешуд, якбора ба рамзи журналистону журналистикаи тоҷик бадал шуд ва ҳамагӣ талаб мекарданд, ки ин “зӯр” дар баробари қонун ҷавоб диҳад. Ҳарчанд хешовандони ин нафар мансабҳои баланд доштаанд, ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳеҷ падаре ё хешованде барои амали анҷом додаи фарзандаш ҷавоб надиҳад, чунки аз ин гуна хулосабарорӣ бӯйи солҳои сиюм меояд, ки барои падар писарро ҷазо медоданд, ё баръакс. Агар ин нафар гунаҳ содир карда, пас худаш бояд назди қонун посух гӯяд.
Ин боис ба изҳороти як зумра аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва сардабирони нашрияҳои маъруфи кишвар шуд, ки далели бетараф набудани онҳо ба ин қазия мебошад. Дар ин миён фақат Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хомӯш монд, ки як гуфтаи шӯхиомези шодравон Акбари Сатторро собит менамояд. Ӯ мегуфт:
“Ман Иттифоқро ҳам бо худам мебарам ва барои абад раиси он мемонам. Ҳамаи Шумро ба хок месупораму баъд худам меравам”.
Ин ҳодиса гуфтаи мавсуфро собит кард. Барои ҳама маълум шуд, ки Раис Иттифоқро бо худаш бурдааст, онро ба гӯр супоридааст ва дигар “ин ИЖТ кирои гиря кардан набувад”.
Ё хато гуфтам?