Кӯшиш накун, ки ҳарфи охиринро бигӯӣ,

 кӯшиш намо қадами охиринро гузорӣ.

 (Жилбер Сесбро)

Ҳангоме бо баҳсу мунозараҳои зиёди фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров бо сиёсатмадорону таърихнигорон, вазирону шахсиятҳо дар сатҳ ва доираҳои гуногун ошно мешавӣ, бори дигар ба мавқеъгирӣ ва иродаи ӯ қойил мемонӣ.

Агар ин баҳсҳо фақат перомуни ягон ҳодисаи таърихӣ мебуд, барои хонанда, ки аз донишу малакаи ин чеҳраи нотакрор дар ин арса огоҳӣ дорад, далели тозае набуд. Аммо маводи мазкур, дар ин саҳифа, ки аз баҳси Бобоҷон Ғафуров бо Усмон Юсуфов, вазири пахтакории СССР, собиқ котиби аввали КМ ҲК Ӯзбекистон дар масъалаи кишти пахтаи камбури 45 бар 45 маълумот медиҳад, бори дигар аз кордонию малакаи раҳбарии мавсуф гувоҳӣ медиҳад. Фикр мекунам ҳоҷат ба тафсири ин баҳс нест, чун он пешорӯйи хонанда асту худ мутолиа хоҳад кард.

Бисёр мехостам хонанда ба исботи далелҳо аз ҷониби Ғафуров бештар таваҷҷуҳ кунад ва мавқеъгирии ӯро сари масъала барои худ дастурамали кор қарор диҳад. Зеро бадбахтона, дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистони мо аслан баҳс ба маънои аслиаш гум шудаву ҷойи худро ба дашному ҳақорат ва носазо гуфтану носазо хондани ҳамдигар бадал мешавад. Бо пайдо шудани интернету чун воситаи тарғиб ба ҷойи аввал баромадани видео, ин баҳсҳо қолаб дигар карданд ва назокати сухану фаросати баҳс кардан гум шуданд. Дигар баҳс ба як майдони турктозӣ ва бор кардани андешаи хеш ба ҳариф бадал шудаанд ва дар ин роҳ аз ягон воситаи пирӯз омадан, ҳазар намекунанд. На аз таҳқир, на аз дашном, на аз туҳмат, на аз зӯргӯӣ ва на аз зӯрӣ. Ин раванд махсусан дар шабакаҳои иттилоотӣ ба назар мерасад.

Имрӯз ҳатто дар оддитарин ҷавобияе, ки ягон мақомот ё ягон мансабдори давлатӣ дар посух ба маводи танқидии нашрия менависад, ҳатман оҳанги таҳдид ё таҳқир ё ишора ба кадом гуноҳи муаллифи матлаб эҳсос мешавад. Ба болои ин, ҳатто вақтҳои ахир нишастҳои матбуотиро ҳам баъзе аз мақомдорони забардаст чун майдони таҳдиду қасос истифода менамоянд. Бо он ки хабарнигор хешро аз нашрияе муаррифӣ мекунад, ки замоне шояд ин мақомдорро танқид кардааст, ҷавоби тунде ба суоли он хабарнигор дода мешавад ва ё ҳатман аз он мавод ёдоварӣ мешавад.

Мегӯянд, ки “ҳақиқат зодаи баҳс аст”. Аммо, фикр мекунам баҳс мисоли офтоби рӯшане аст, ки чеҳраи аслии баҳскунандагон, сатҳи маърифату фаросати онҳоро нишон медиҳад. Кадом бузурге беҳуда нагуфта:

“Аввал андеша, баъд гуфтор”. Оё рӯзе мерасида бошад, ки мо аз масалу пандномаҳое, ки такрор карданашро дӯст медорем, ба маънии аслии он сарфаҳм рафта, баъд кор бигирем? Ё барвақт ба тӯтие, ки такрор карданро дӯст медораду худ намедонад кадом андешаро такрор менамояд, бадал шудаем?  Намедонам… Бадбахтона, намедонам!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь