Дар ҳоле насли калонсол аз замони пахтачинии даврони Шӯравӣ бо ҳасрат ёд кардаву дар ёдгӯшаҳои ҷавонӣ ҳар пораи онро меҷӯяд, насли имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз «маршировка» ба гунаи дигар қисса мекунад.
Барои ҳар нафаре, ки даврони донишҷӯияш оғоз аз давраи Шӯравӣ то солҳои 1993-1994 гузаштааст, даврони пахтаю пахтачинӣ, кадушӯрбою «чесотка» чун як саҳифаи ширини ҷавониаш боқӣ мондааст. Дар ин саҳифаи умр қиссаҳои ошиқонаи пахтачинӣ ҳам буду талхии аввалин сигору сархушӣ аз аввалин қадаҳ ҳам, симои устодони раҳнамо берун аз синфхона ҳам буду «ишқномаҳои саҳроӣ» ҳам.
Бо вуҷуди он ки ин пахтачиниҳо аслан азобу машаққати зиёд дошт (махсусан барои онҳое, ки пахтаро аз саҳифаҳои нашрияву оинаи нилгун дидаанд), беморӣ дошту хӯроки серӣ не, аммо боре нашунидаам, ки ҷавонони он солҳо дар маҳфиле ҳарфи шиква аз он давра дошта бошанд.
Дар ин айём ҳар нафаре, ки бахташ баландӣ кардаву ба «Отряди студентони бинокор» (ОСБ) («Студенческие строительные отряди» (ССО)) рафтааст, натанҳо хотираҳои бештару ширинтар доштааст, балки шояд барои аввалин бор берун аз Тоҷикистонро дидаасту аз мактаби таърихии комсомол баҳравар шудааст. Заҳмат натанҳо дар замони пахтаю ангурчинӣ қадрдонӣ мешуд, балки барои баъзе аз фаъолон ин «аввалин зина барои сохтани зиндагии оянда», аввалин дарси ҷиддии идеологӣ ҳисоб мешуд.
Бо пош хӯрдани Шӯравӣ аввалан соли 1991 ОСБ барҳам хӯрд ва думболаи он солҳои 1993-1994 истифода аз заҳмати донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар саҳрои пахта чун «амали зараровар ба хоҷагиҳо» аз байн рафт. Ҳарчанд баъзе ҷумҳуриҳо ин мактаби тарбияи ҷавононро дар ин ё он шакл нигоҳ доштаанд, аммо ин талошҳо ҳамон ҳосилеро надоранд, ки замони Шӯравӣ доштанд.
Аз ин ҳама ёдгораҳои неки Шӯравӣ чизи каме ба мерос мондааст, ба ҷуз аз хотираҳои фаромӯшнашавандаи ҷавонӣ, ки то ҳанӯз дар ҳар маҳфиле аз забони шахсони ба синну сол калонтар шунидан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон аз ин ҳама раҳоварди умри ҷавонӣ фақат «маршировка» мондааст. Он ҳам дар шакли дағал, ки ба ғайр аз моҳҳои истироҳати донишҷӯён ҳамагӣ нӯҳ рӯзи дарсии эшонро дар бар мегирад. Шикояту норизоӣ аз дастандакорони чорабинӣ бошад, меафзояду меафзояд. Ин ҷой кадушӯрбо намедиҳанд ва мегӯянд, ки ҷуз пиёлаи обу себ донишҷӯ тамоми авқот гурусна аст. Ин аст, ки бо фаро расидани замони «маршировка» донишҷӯ мекӯшад то бигрезад аз ин масъулият:
Яке барои раҳоӣ аз он «тағо» мекобад, дигаре маълумотномаи ғафс дар бораи бемориаш мебарад, якеро бибиаш мемирад, дигаре ҳатман бояд фотиҳа шавад.
Баҳонаҳо дигар нашудаанд, – ҳамон баҳонаҳое, ки ҳанӯз замони пахтачинӣ ёфта буданд, аммо шояд ҳавас пир шудааст?…
Майдони пахтаю ангуру ОСБ ҷозибае доштанд, ки «маршировка» надошту надорад…
Ҳамин тавр не?
Хуршед Атовулло