Бечора симкорт дар кишвари мо арӯсаки даст ба дастро мемонад. Хадамоти алоқа чӣ қадаре тавонист тавассути он мардумро ғорат кард. Имрӯз калимаи “симкорт” дубора вирди забону сархати хабарҳо шудааст. Тавассути ин арӯсаки пиршуда бо баҳонаи шиносномаи пластикӣ боз даст ба ҷайби муштарӣ заданӣ ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо як эълон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки то даҳуми август шиносномаҳои намунаи соли 1996-умро бо шиносномаҳои пластикии намунаи соли 2014  иваз кунанд. Дар эълон омадааст, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мувофиқи он барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсони шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта доранд, бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Ин дар ҳолест, ки дар фармони Президенти ҶТ «Дар бораи кортҳои идентификатсионии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз моҳи марти соли 2014 амал мекунад, гуфта шудааст, «шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расидани муҳлати дар он нишондодашуда амал мекунад». Бинобар ин, шиносномаҳои қаблан додашуда бояд то анҷоми муҳлаташон амал кунанд ва маҷбуран ивазнамоии онҳо ҷанбаи қонунӣ надорад.

Қарори Ҳукумат танҳо ба гирифтани симкорт дахл дорад. Яъне, агар шаҳрванд симкорти нав гирифтанӣ аст, аввал бояд шиносномаи нави пластикӣ гирад. Дар тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии дигар шаҳрванд метавонад шиносномаи соли бароришаш 1996-ро истифода барад.

Хадамоти алоқа вобаста ба ин масъала гуфтааст, ки ин тасмим “барои пешгирии қонуншиканию ҷиноят, таҳдиди терроризму экстремизм, ки тавассути тилфони мобилӣ сурат мегирад, гирифта шудааст. Барои амалӣ кардани ин тасмим, доштани пайи ангушти ҳар як муштарӣ зарур аст”.

Ҳамин тавр, расман ҳамаи ин ба хотири амнияти мамлакат аст. Ба мақомот пайи ангуштони муштариён лозим аст, вале барои гирифтани он аҷиб ки гирифтани шиносномаи нав зарур шудааст. Ва барои он ки шаҳрванд шиносномаи нав гирад, бояд чизеро фикр мекарданд, то бе он зиндагии имрӯза маъно надошта бошад. Яъне, бе воситаи алоқа.

Барои кӯру кар ҳам маълум аст, ки ҳадафи асосӣ дар ин қазия танҳо ва танҳо пул кор кардан аст. Пул бо баҳонаи гирифтани шиносномаи нав. Маълум шудааст, ки дар Тоҷикистон се миллион муштарии ширкатҳои мобилӣ ҳаст. Дар ҳоле қимати як шиносномаи пластикӣ 10 доллар аст, ин 30 миллион доллар ба буҷа меравад ё ба кадом ҷазираи офшорӣ, маълум нест.

Маълум чизи дигар: Шаҳрвандон барои иваз кардани шиноснома ба хотири гирифтани симкорти нав шитоб надоранд. Агар роҳе мебуд, то барои саривақт бо шиносномаи пластикӣ нагирифтани симкорт ҷарима ҳам мебастанд, нуран ало нур мешуд. Ё касе бойтар мешуд ё буҷа пур мегардид.

Як фикр кунед, болонишинҳо!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь