Зиёд ҳисоб шудани маблағи истифодаи нерӯи барқ дар як моҳи охир бархе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ташвиш овардааст. Дар ин бора СМ-1 хабар дод.

Чанд рӯз пеш сокинони чанде аз ҷамоатҳои ин ноҳия дар назди бинои шабакаҳои барқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирд омада аз масъулин сабаби зиёд ҳисоб шудани маблағи барқашонро пурсон шудаанд. Маҳмуд Набиҷонов, сокини ин ноҳия ба СМ-1 гуфтааст: «Моҳи гузашта тариқи терминал 46 сомонӣ маблағ пардохт карда будам, ин моҳ аллакай 155 сомонӣ шудааст. Аз кадом ҳисоб ин хел шуд, намедонем. Моҳҳои гузашта ҳам ба мисли он ки чи тавр дар моҳҳои пеш дар хона таҷҳизоти барқӣ истифода мебурдем, ҳамон хел истифода кардем. Яктогӣ таҷҳизоти гармкунӣ (плитка), тефал, телевизор ва се фурӯзонаки каммасраф истифода мекунем. Яхдонро дар фасли тобистон кор мефармоем, аз моҳи октябр истифода намебарем».

Аз шабакаҳои барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтаанд, ки маъмулан дар фасли зимистон одамон дар хона таҷҳизоти зиёди бо нерӯи барқ коркунандаро истифода мебаранд ва аз ин рӯ маблағи барқашон зиёд мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар пойтахт низ баъзе аз истифодабарандагон аз зиёд ҳисоб шудани маблағи масрафи барқ изҳори нигаронӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар ҳам додаанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь