Дар ТҶ “Хома” барои рӯзноманигорон тренинг дар мавзуи «Низоми андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон» оғоз гардид.

Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти  “Хома” гуфт, мақсад аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани савияи дониши иқтисодии рӯзноманигорон мебошад.

– Гарчанде, мо фикр мекунем, ки аз низоми андозу андозбандӣ дар кишвар огаҳем, аммо дар асл даҳҳо нозукиҳои дигар дар ин самт ҷой дорад, ки на аз ҳамааш огаҳем, – гуфт Шаҳло Акобирова.

Дар тренинг коршиносони ботаҷриба аз Вазорати молия ва Кумитаи андоз дар бораи низом ва тартиби андозу андозбандӣ ба журналистоне, ки аз минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе даъват шудаанд, маъруза мекунанд.

ТҶ «Хома», аз соли 2016, силсилаи тренингҳои омӯзиширо вобаста ба мавзуъҳои иқтисодӣ дар байни журналистон баргузор мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь