Ин навбат тренинг дар мавзуи “Интихоботи парлумонӣ-2020” дар истироҳатгоҳи “Гулобод”-и ноҳияи Варзоб доир гардид, ки онро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Комиссияи рушди демократияи сафорати ИМА дар Душанбе роҳандозӣ кардааст.

Ҳуқуқшиноси маъруфи соҳаи ВАО, ба қавле  “адвокати журналистон” ва коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ба 17 нафар журналист роҷеъ ба нозукиҳои ширкати журналистон дар интихоботи  парлумонӣ, қонунгузориҳои лозима дар ин мавзуъ маълумоти муфассал доданд.

Саволи асосие, ки журналистон ба он посух гирифтан мехостанд, ваъдаҳои болохонадарои номзадҳо буд, ки оё ваъдаҳои ҳангуфти онҳо, ки асоси воқеӣ надоранд, ҷавобгарӣ дорад?

– Ҳар гуна ваъдае, ки номзадҳо медиҳанд, қонун манъ накардааст, зеро аз рӯйи ҳуқуқи номзадҳо онҳо имкон доранд, ки озодона тарғиботу ташвиқот баранд. Фоши сири давлатӣ, ришвагирӣ, зӯроварӣ  ва дигар амалҳои ношоиста манъ шудааст, – гуфтанд коршиносон.

– Натиҷаҳо нишон доданд, ки иштирок дар интихобот аз 80% кам нест, – гуфт Аваз Назаров. –   Имсол 41 ҳавза ва 1 ҳавзаи умумӣ амал мекунад, ки 4 комиссия назорат мекунад, қаблан бо интихоби як номзад дигар ҳамаро X ишорат мекарданд, акнун ба номзади дилхоҳашон аломати + мемонанд. Ба овоздиҳандагон таъсиррасонии динӣ, ҷисмонӣ ва руҳӣ манъ шудааст.

Журналистон вобаста ба нақши ВАО ибрози назар карда гуфтанд, ки “таъқиб бисёр аст, таҳдид ҳам ҳаст, журналист ба факте, ки меорад, боварӣ надорад.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь