Бобомурод Абдуллоев, ки аз Бишкек ба Тошканд истирдод шуда буд, бо забонхат аз банд озод шуд. Дар ин бора раиси парасторони хазинаи иҷтимоии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллии Ӯзбекистон Комил Алламҷонов ба хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки Гавҳарҷон Мадаминова – модари Бобомурод Абдуллоев – ба президент Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардааст, ки писарашро аз банд раҳо кунад. Бар ин асос Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон чораи пешгирикунандаро иваз намудааст ва Бобомурод Абдуллроевро тибқи забонхати ӯ ба банд озод кардааст.
Бобомурод Абдуллоев 10 августи соли равон бо хоҳиши ҷониби Ӯзбекистон дар шаҳри Бишкек боздошт шуда буд. 22 август Қирғизистон Бобомурод Абдуллоевро ба Тошканд истирдод намуд.
Бино ба хабарҳо вай тавассути ҳавопаймо аз Бишкек ба Тошканд истирдод шудааст.
Бобомурод Абдуллоев дар бахши ӯзбекии радиои Озодӣ низ кор кардааст. Вай ҳамчун коршиноси бахши иқтисодӣ дар ин радио гузоришҳо таълиф менамуд.
Баъдан ба ҳайси журналисти озод фаъолияташро давом дод. Вай дар баробари журналисти мустақил будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун шореҳи варзиш низ муаррифӣ мешуд.
27 сентябри соли 2017 Бобомурод Абдуллоев ба иттиҳоми пахши маводе, ки барои сарнагун сохтани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигаронида шудаанд, мавриди боздошт қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки вай таҳти номи мустаъори “Усмон Ҳақназаров” дар бораи Ӯзбекистон мақолаҳои танқидӣ менавишт.
Вай дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ иқрор шудааст, ки аз ин ном низ истифода мекард, аммо дар ягон мавод барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ касеро даъват накардааст ва ин иттиҳомот алайҳи худро эътироф намекунад.
Моҳи майи соли 2018 додгоҳи шаҳри Тошканд Бобомурод Абдуллоевро аз толор озод кард. Вай ба ҷои панҷ соли зиндон барои 1,5 сол ба иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуда буд.
Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ, Ню-Йорк), созмони Амнести интернейшнал ва амсоли он аз мақомоти Қирғизистон талаб карда буданд, ки Бобомурод Абдуллоевро аз банд раҳо кунанд ва ба вай имкони озодона кор карданро диҳанд.
Баъди боздошти ӯ дар Бишкек вакили мудофеъ Тимур Қарабоев гуфтааст, ки Бобомурод Абдуллоев барои чаҳор моҳи таҳсил ба Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ омадааст, аммо ба далели пандемия ва баста будани марзҳо натавонистааст ба кишвараш баргардад.
Ба навиштаи хабаргузории “Газета.уз” Бобомурод Абдуллоевро Додситонии кулли Ӯзбекистон дар навиштани мақолаҳои танқидӣ аз номи “Қора Мерган”(Мергани сиёҳ) гумонбар шудааст. Аммо Додситонии кул дар робита ба ин мавзӯъ вокуниш нишон надодааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд