Имрӯз, 29 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Кумитаи идораи замин, Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии №1 ва Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ таъингардидаро барои суҳбат қабул кард.
Бо қарорҳои раиси вилояти Хатлон Холзода Муҳаммадшариф Муҳаббат ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилоят, Раҳмонов Фирдавс Маҳмадсалимович ба вазифаи директори Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии №1 ва Бердиев Оқилҷон Саидҷаъфарович ба вазифаи директори Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ таъйин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудию норасоиҳо ҷалб намуда, барои бартараф кардани онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
Блоки рекламавӣ