Дар майдони байналмилалии ҳавоии шаҳри Тошканд ба номи Ислом Каримов иштирокчиёну ғолибони Бозиҳои XVI-уми тобистонаи паралимпӣ, ки дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор гардид, бо шукӯҳ ва тантанаи хос пазироӣ шуданд. Чунин истиқболгирии варзишгарон барои ин кишвар дар ин чанд соли охир ба анъанаи хубе табдил ёфтааст.

Варзишгарони ӯзбекистонӣ соҳиби 19 медали Бозиҳои паралимпии тобистонаи Токио гардиданд. 8 медали тилло, 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ насиби онҳо шудааст.

Баъди анҷоми пазироӣ варзишгарон савори мошину автобусҳои махсус шаҳри Тошкандро давр зада баромаданд. Мардуми зиёд ин ғалабаи онҳоро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Дар маросими мутантани мукофотдиҳӣ раиси Палатаи ҷонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ва нахуствазир Абдулло Арипов ширкат карданд.

Онҳо ба соҳибони медали тиллои Бозиҳои паралимпӣ 200 ҳазор долларӣ, хонаҳои сеутоқа, автомашинаи тамғаи “Tahoe” , ба соҳибони медали нуқра 100 ҳазор долларӣ, хонаи дуутоқа ва автомашинаи “Traverse”, ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор долларӣ, хонаи дуутоқа ва автомашинаи  тамғаи “Trailblazer” супурданд.

Гуфта мешавад, тими Ӯзбекистон аз рӯи натиҷагириҳои умумӣ дар миёни варзишгарони 162 кишвари ҷаҳон дар ин мусобиқаҳо ҷои 16-умро ишғол кард. Ин натиҷагирӣ дар Қораи Осиё барои варзишгарони ӯзбекистонӣ ҷои чорумро таъмин намудааст. Пеш аз онҳо се ҷои аввалро варзишгарони Чин, Ҷопон ва Эрон ишғол кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо се медали тилло ва ду медали биринҷӣ ҷои 32-юмро ишғол карда буданд. Ғолибони он низ бо мукофотҳои калони пулӣ, хона ва мошин сазовор гардиданд.

Инчунин ба бархе аз мураббиёни онҳо унвонҳои “Устоди шоистаи варзиши Ӯзбекистон” дода шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь