Ӯзбекистон имкони ҷорӣ кардани тартиби убури марзи давлатиро бо Тоҷикистон бо пешниҳоди шиносномаи дохилӣ – корти ID баррасӣ мекунад, хабар медиҳад Uznews.uz.

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Палатаи қонунгузории порлумон гуфт, ки дар ояндаи наздик ҷорӣ кардани тартиби нав дар назар аст.

«Нигоҳ доштани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ аз самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ мемонад. Мулоқоти панҷгонаи Осиёи Марказӣ, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мешавад, боз як қадами муҳими амалӣ дар ин самт хоҳад буд”, – таъкид кард ӯ.

Ин лоиҳа бори аввал моҳи сентябри соли 2023 байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз шуда буд. Шаҳрвандони ду кишвар акнун метавонанд аз кортҳои ID (бидуни пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ) барои вуруд, хуруҷ, транзит, ҳаракат ва будубош дар қаламрави ду кишвар истифода кунанд.

Тобистони имсол баҳсҳо дар бораи ҷорӣ кардани чунин тартиб бо Қазоқистон низ оғоз ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь