Дар саросари Ӯзбекистон мардум иди Наврӯзи оламро бо шукӯҳи хос таҷлил мекунанд. Ба муносибати ин иди пуршукӯҳ дар кохи “Ҳумо арена”-и шаҳри Тошканд як ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он президент Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард.
– Иди Наврӯз аз қадим дар байни мардуми мо ба сифати иди эҳё ва бедории табиат, мавсими киштукор таҷлил карда мешавад. Хоссатан, имсол мо Наврӯзро дар арафаи 30-умин солгарди касби истиқлолияти Ватани маҳбуб хеле бошукӯҳ ид мекунем. Наврӯз воқеъан иди мардумӣ, оинаи худшиносии миллӣ, як қисми ҳаёти маънавии мо мебошад,-гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай афзуд, ки ҳазорҳо сол муқаддам ниёкон Наврӯзро бо нияти пок истиқбол мегирифтанд. Имрӯз низ мардуми Ӯзбекистон ба истиқболи Наврӯз бо чунин ниятҳои нек қадам мезананд. Дар саҳрову боғҳо, майдону хиёбонҳо, деҳоту овулҳо, маҳаллаҳои сарсабз навоҳои наврӯзӣ танин меандозанд.
Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон дар фарозу нишеманҳо мардони ҳузарб аспдавонӣ мекунанд ва гӯштӣ мегиранд. Ҳамватанони пиру барнои ӯ дар атрофи дегҳои суманакпазӣ ид баргузор карда, неъмати наврӯзиро боҳам мечашанд. Дар чунин лаҳзаҳои бошукӯҳу пурфароғат мардум қадри ин неъмати фазои орому осоиштаро бештар эҳсос менамоянд.
– Дар чунин рӯзҳои пурфайз кишоварзону фермерҳо ба сӯи саҳро мешитобанд. Биёед, деҳқонбобоҳои худро дар ин мавсими нави киштукору меҳнат пуштибонӣ карда, даст ба дуо мебардорем, ки ризқу насибаамон фаровон гардад,-изҳор кард Шавкат Мирзиёев.
Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон рӯзи нав, рӯҳи намирандаи рамзи фасли нав-Наврӯз ва фалсафаи он бо ғояи Ӯзбекистони нав тавъам ва ҳамоҳанг гардидааст. Вай тазаккур дод, ки Ренессанси Сеюм дар давраи эҳёи Ӯзбекистони нав ба қалби мардум орзуву ормонҳо ва нерӯи тоза мебахшад.
– Дар ин рӯзҳо мардуми мо машғули меҳнати фидокорона мебошанд ва ислоҳот дар тамоми ҷабҳаҳоро вусъат бахшидаанд,-гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бино ба гуфтаҳои президенти Ӯзбекистон дар ин кишвар 130 миллату қавм дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сар мебаранд. Хусусан, ҳодисаи аз тарафи СММ иди байналхалқӣ эълон кардани 21 март-иди Наврӯз моҳияти башардӯстона доштани он ва аз афзоиши аҳамияти он бозгӯӣ мекунад.
Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни суханрониҳо ба сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ барои ҳиссаи онҳо дар рушди ҳамкориҳои босамар самимона ибрози сипос кард.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳру рустоҳои Ӯзбекистон идома доранд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд