Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо судури як қарор Низомномаи таъйини стипендияи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзодро ба тасвиб расонд. Гуфта мешавад, ки ин стипендия тибқи қарори президент Шавкат Мирзиёев аз 21-уми апрели соли 2020 таъсис дода шудааст.

Бино ба Низомномаи мазкур стипендияи давлатӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз рӯи натиҷаи озмуне дода мешавад, ки Академияи санъати Ӯзбекистон баргузор кардааст.

Стипендияро донишҷӯёне мегиранд, ки дар ду курси охири марҳалаи бакалавриати донишгоҳҳо аз рӯи ихтисосҳои мушаххас ба сифати пешқадамон ба қайд гирифта шудаанд.

Квотаи стипендияи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзод барои самтҳои тақсим санъат, рангубор, графика ва миниатюраҳо, муҷассама, санъати амалӣ, тарҳрезӣ, таърихи санъат ва кори осорхонаҳо карда мешавад.

Таъсис ва таъйини ин стипендия мусоидат хоҳад кард, ки донишҷӯёни ду курси охир ба омӯзиш бештар шавқу ҳавас пайдо кардаву барои ба даст овардани чунин стипендияи бонуфуз  талош варзанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь