Додгоҳи ҷиноии вилояти Фарғона баррасии парвандаҳои ҷиноии 22 тан сокини ноҳияи Сӯхро, ки дар беназмиҳои 31 майи соли равон ширкат кардаанд, шурӯъ намуд. Онҳо дар муқовимат бо намояндагони идораҳои давлатӣ ва ташкили беназмиҳо гумонбар шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 9 нафар дар боздоштгоҳи муқаддамотӣ бар сар мебаранд, ба 13 нафар сокини ноҳияи Сӯх додгоҳ ҳабси хонагӣ муқаррар намудааст.

Ин мурофиаи додгоҳӣ, ки бар далели пахши пандемияи коронавирус бо риояи қатъии карантин дар иштироки гурӯҳи додрасонҳо, ду нафар додситон, 10 нафар вакили мудофеъ, ҳамчунин ширкати намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва пайвандони гумонбарон ба вуқӯъ пайваст.

Ҳоло танаффус эълон шудааст. Мурофиаҳои баъдӣ 16 ноябр аз сар гирифта мешаванд.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти додгоҳи ҷиноии вилояти Фарғона 13 нафар гумонбар ба далели он ки равуо аз тариқи хоки Қирғизистон баъзе мушкилот эҷод хоҳад кард, ба бинои додгоҳи ноҳияи Сӯх ҳозир мешаванд. Онҳо дар мурофиаҳо аз тариқи онлайн ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 31 майи соли равон миёни як гурӯҳ сокинони ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон ва ноҳияи Қадамҷойи Қирғизистон ҳангоми тоза кардани ҷӯйи оби чашма ихтилоф ба амал омад. Баъд он ба задухӯрд ва ба ҳамдигар сангпаррониҳо одамони ду тарафи марз табдил ёфт.

Дар ин даргириҳо 187 сокини ноҳияи Сӯх аз зарби санг ва тири милтиқҳои шикории қирғизҳо захмҳои гуногун бардоштанд ва дар бемористони марказии норҳияи Сӯх бистарӣ шудаанд. Як теъдоди онҳо, ки хеле захмҳои вазнин бардоштаанд,  тавассути чархболи низомӣ ба шифохонаи марказӣ интиқол ёфтаанд.

Як идда афроди дигари сӯхӣ, ки гуфта мешавад, теъдодашон аз саду бист нафар бештар буд, захмҳои худро ба шароити хона муолиҷа кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон 25 нафар сокини деҳаи Чечмаи ноҳияи Қадамҷо низ дар ин задухӯрд ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тавре маълум шуд, ин ҷароҳатҳо ба ҷони ҳеч кадоми иштирокчиёни даргириҳо дар марз бо ноҳияи Сӯх хатаре ба бор наовардааст. Аксарияташон аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашидаанд ва ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Дар ҷараёни ин даргирӣ ҷирғизҳо ду ҳавлии сокинони деҳаи Чашмаро оташ задаанд.

Шоми 31 май нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ба ноҳияи Сӯх омад. Вай бо мардуми ноҳия мулоқот намуд ва дарду доғи онҳоро шунид.

Баъд ба сокинони хонаашон ба коми оташ фурӯрафта ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат аз тарафи давлат хонаҳои онҳоро  аз нав сохта медиҳад. Вай аз ӯҳдаи ин ваъдаи худ баромад. Ҳоло соҳибони ин ду ҳавлӣ дар биноҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо аъзои хонаводаашон ба сар мебаранд.

Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Сӯх ба иттиҳоми муқовимат ба вакилони идораҳои давлатӣ ва таъсиси беназмиҳо мавриди боздошт қарор гирифтанд. Ин афрод бо чархболи низомӣ ба маркази вилоят интиқол дода шуданд. Қисмати боқимондаи ҷавонмардони сӯхӣ то оғози мурофиаҳои додгоҳӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардиданд ва ҳоло дар мурофиаҳо бозпурсӣ мешаванд.

Тибқи хабарҳои расида вакили додрасонӣ гуфтааст, ки 22 нафар сокини ноҳияи Сӯх танҳо ба иттиҳоми таъсиси беназмиҳо ба додгоҳ кашида шудаанд.

Қонунгузориҳои Ӯзбекистон барои чунин ҷурм то 15 соли ҳабсро пешбинӣ намудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь