Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кормандони минтақавии ин ниҳод дар гузаргоҳиСариосиё”-и вилояти Сурхонданё 172,5 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира карданд.

Гуфта мешавад, ки ин миқдори маводи мухаддир тавассути қатори тронзитӣ аз яке аз кишварҳои ҳамҷавор вориди хоки Ӯзбекистон шудааст, аммо дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Ӯзбекистон номи ин кишвари ҳамҷаворро қайд накардааст.

Бино ба ин манбаъ маводи мухаддир дар қатори боркашоне кашф шудааст, ки бо истифода аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари сеюм мебоист ҳаракат кунад.

“Ин қатори борбар аввал тавассути сканер таҳқиқ шуд ва баъд барои дақиқтар намудани маводи пинҳонкардашуда аз сагҳои хидматӣ истифода гардид. Дар ҷараёни тафтиши маълум шуд, ки ду вагон бо махфигоҳҳо муҷаҳҳаз шудаанд ва дар он даҳҳо печидаи контейнерҳои плостикӣ мавҷуд мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Ӯзбекистон.

Дар ин хабар ҳамчунин омадааст, ки дар плостикҳои сиёҳ ҳероин, банг ва равғани он мусодира шудааст. Ин маводро аз бангдона ё канаб истеҳсол мекардаанд.

“Қатор ба истгоҳи “Дарбанд” фиристода шуд. Дар ин ҷо онро кормандони босалоҳияти гумрук хеле мӯшикофона таҳқиқ карданд. Маълум гардид, ки дар дар як вагони дигар низ чунин махфигоҳ мавҷуд будааст, ки маводи мухаддирро он ҷо пинҳон кардаанд”, – зикр шудааст дар ин иттилоия.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Ӯзбекистон бо истифода аз қаламрави ин кишвар ва Тоҷикистон бо хатсайри шимолӣ аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои дигари Аврупо ба миқдори зиёд афюн интиқол дода мешавад. Миқдори он солона аз 100 тон бештар мебошад.

Ба ин тартиб, кормандони гумруки Ӯзбекистон аз интиқоли 172,5 килограм маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки чунин ҳодисаҳо борҳо рух додаанд, аммо бори каҷи онҳо ба манзил нарасидааст. Қочоқбарон борҳо талош кардаанд, ки  маҳз тавассути марзи Ӯзбекистон  миқдори зиёди маводи мухаддирро ба Русия ва кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь