Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармондеҳи ситоди марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Кеннет Маккензиро ба ҳузур пазируфт. Гуфта мешавад, ин генерали амрикоӣ бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон омадааст.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими алоқаҳои миёни Ӯзбекистону Амрико ва вазъияти минтақавӣ баррасӣ гардид.

Ин манбаъ меафзояд, ки зимнан дар мулоқоти мазкур ба мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ, ҳамчунин барқарор намудани суботу амният дар саросари ҷаҳон аҳамияти хос дода шуд.

Миёни Шавкат Мирзиёев ва Кеннет Маккензи дар робита ба пуштибонӣ аз раванди субот дар Афғонистон ва барқарории вазъи иқтисодӣ дар ин кишвар низ табодули назар  сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон мегӯяд, ки дар ҷараёни гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дутарафаи низомӣ ва низомию фанниро миёни Ӯзбекистону ИМА баррасӣ намуданд.

Генерали амрикоӣ Кеннет Маккензи аз раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои роҳандозии ин мулоқот ибрози сипос намудааст. Вай қайд кардааст, ки ИМА ба ӯҳдадориҳояш ҷиҳати таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Ӯзбекистон ва ҳамкориҳои васеъмиқёси миёни ду кишвар ҳамеша содиқ мемонад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь