Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентии 24 октябрро эълон кард. Гуфта шуд, бино ба ин натиҷагирӣ дар интихобот номзад аз Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо бартарияти зиёди овозҳои интихобкунандагон бар чаҳор рақиби дигари худ пирӯз шуд.

– Интихоботи президенти Ӯзбекистон бар асоси принсипҳои демократӣ, озоду одилона ва шаффоф гузашт. Он бори нахуст дар Ӯзбекистони навин баргузор гардид. Пӯшида нест, ки дар интихоботи президенти Ӯзбекистон барои панҷ номзади пешбаришуда шароити яксон фароҳам оварда шуд ва онҳо дар чунин шароит бо ҳам вориди рақобат шуданд. Дар ин мубориза Шавкат Мирзиёев бо ба даст овардани 80,1 дарсади райъи интихобкунандагон ба мақоми раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон дубора интихоб гардид, – гуфт Зайниддин Низомхоҷаев.

Вай таъкид варзид, ки интихоботи президентӣ бар асоси Кодекси нави интихобот ба вуқӯъ пайваст. Дар он намояндагони расонаҳои гуногун, нозирони маҳалливу хориҷӣ ширкат карданд. Зайниддин Низомхоҷаев тазаккур дод, ки интихоботи президентии баргузоршуда комилан тибқи талабҳои Кодекси нав сурат гирифт.

-Холисиву шаффофӣ дар интихобот пурра таъмин гардид. Гузашта аз ин, нозирону коршиносон эътироф намуданд, ки интихоботи президентӣ дар сатҳи баланд ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд,-гуфт раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон.

Тавре вай зикр кард, обу ҳавои хуб ва табиати созгор мусоидат карданд, ки интихобкунандагон бидуни мушкилот ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шаванд ва дар фазои амну субот ва шодиву нишот вазифаи шаҳрвандии худро анҷом диҳанд.

Ба ин тартиб, номзадҳои дигар чунин натиҷаҳоро ба даст овардаанд:

Мақсуда Ворисова (Ҳизби халқӣ-демократӣ)-6,6 %;

Алишер Қодиров (Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”)-5,5 %;

Нарзулло Обломуродов (Ҳизби экологӣ)-4,1 %;

Баҳром Абдуҳалимов (Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат”)-3,4 %;

Рӯзи душанбе ҳудуди даҳ ҳазор нафар тарафдори Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон дар кӯшки “Ҳумо”-и шаҳри Тошканд пирӯзии номзади худ Шавкат Мирзиёевро бо тантанаи хос таҷлил кардаанд. Дар ин тантана Шавкат Мирзиёев мушорикат доштааст.

“Дар ҳаёти ҳар фард лаҳзаҳои ҳаяҷоновар рух медиҳанд. Ҳолати ҳозираи худро ба шумоён тавзеҳ дода наметавонам. Ман орзу мекунам, ки давлати мо давлате бошад, ки дар ҳақи ҳар фарди кишвар ғамхорӣ намояд. Дастгирии шумо дар интихобот нишон медиҳад, ки шумо, мардуми дӯстдоштаи ман, аз ислоҳоте пуштибонӣ мекунед, ки бо ташаббуси ман пиёда мегардад. Бо шумо чандин бор мулоқот анҷом додаам, дар бораи ватани азизамон мустақим гуфтугӯҳо намудаем. Ман дарк намудам, ки ҳар чӣ дар панҷ соли охир ҷиҳати бунёди Ӯзбекистони навин анҷом додем, шумо онро дастгирӣ кардед ва минбаъд низ дастгирӣ мекунед”, гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

То замоне, ки раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президенти Ӯзбекистон эълон кард, аллакай сарварони як қатор давлатҳо то эълони расмии ин натиҷаҳо Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзиаш табрик кардаанд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Федератсияи Русия, аз аввалин президентони фазои ИДМ мебошад, ки Шавкат Мирзиёевро бо чунин пирӯзӣ муборакбод намудааст. Ба гуфтаи ӯ дар миёни давлатҳои шарикони стратегии Русия Шавкат Мирзиёев аз шахсиятҳое мебошад, ки  барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ҳиссаи калон гузаштааст.

– Бовар дорам, ки мо минбаъд низ ҳамкориҳоямонро дар самтҳои гуногун ва муҳим, ҳалли масъалаҳои конструктивӣ давом медиҳем. Ин ҳамкориҳои мо ба манфиатҳои ду мамлакат ҷавобгӯ хоҳанд буд, инчунин барои таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ хеле мусоидат хоҳанд кард,-зикр шудааст дар номаи табрикии Владимир Путин.

Чунин табрикоти самимиро ба муносибати дубора ба мақоми президентӣ интихоб шудани Шавкат Мирзиёев раисиҷумҳури Белорус Александ Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқоев ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов иброз намудаанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин президентони се давлат ибрози умедворӣ кардаанд, ки муносибатҳои ин кишварҳо ва Ӯзбекистон дар самтҳои гуногун беш аз пеш тавсеъа хоҳанд ёфт.

Баъди эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентии Ӯзбекистон  нозирони созмонҳо ва ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ, инчунин Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай интихоботро демократӣ ва шаффоф арзёбӣ карданд.

-Мо дар ҳавзаҳои гуногун раванди интихоботи президентиро таҳти назорат қарор додем. Вазъияте, ки дар ин ҳавзаҳо мушоҳида намудем, баёнгари он буданд, ки Ӯзбекистон барои баргузор намудани интихоботи президентӣ ҷиддан омодагӣ гирифтааст. Он мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар ин маврид ҳайати нозирони мо ягон эътироз надорад,-мухтасар изҳор кард раиси ҳайати нозирони ИДМ Сергей Лебедев зимни як нишасти хабарӣ.

TASHKENT, UZBEKISTAN – OCTOBER 24, 2021: Election officials count votes in the 2021 Uzbek presidential election, at polling station No 111 set up at the Tashkent branch of Lomonosov Moscow State University. Only five Uzbek political parties are allowed to nominate their candidates for the election. Vladimir Smirnov/TASS
Óçáåêèñòàí. Òàøêåíò. Ïîäñ÷åò ãîëîñîâ íà èçáèðàòåëüíîì ó÷àñòêå ¹ 111 â çäàíèè Ôèëèàëà Ìîñêîâñêîãî ãîñóäàðñòâåííîãî óíèâåðñèòåòà èì. Ì. Â. Ëîìîíîñîâà âî âðåìÿ âûáîðîâ ïðåçèäåíòà Óçáåêèñòàíà. Íà î÷åðåäíûõ ïðåçèäåíòñêèõ âûáîðàõ ïðàâî âûäâèãàòü ñâîèõ êàíäèäàòîâ èìåþò òîëüêî ïÿòü äåéñòâóþùèõ ïàðòèé. Âëàäèìèð Ñìèðíîâ/ÒÀÑÑ

Дар ҳамин ҳол Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз пешравиҳо дар соҳаҳои гуногун ва ислоҳоти Ӯзбекистони навин гарм истиқбол намуд. Гуфта мешавад, қонунгузории интихоботи Ӯзбекистон дар ҷараёни ислоҳот қарор дорад.

-Аллакай як қатор тавсияҳои БИДҲИ САҲА мавриди иҷро қарор гирифтаанд, ки ин хеле хуб аст. Аммо дар байни номзадҳо ба мақоми президентӣ чандон рақобати ҷиддӣ ба мушоҳида нарасид,-мегӯяд роҳбари ҳайати нозирони кӯтоҳмуддати САҲА Рейнхолд Лопатка дар баробари журналистон.-Бояд ислоҳоти демократӣ, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон гузаронида мешаванд, минбаъд низ тақвият ёбанд.

Тавре ки маълум шуд, Мақсуда Ворисова, Алишер Қодиров, Баҳром Абдуҳалимов ва Нарзулло Обломуродов пирӯзии рақибашон Шавкат Мирзиёевро комилан эътироф намуданд. Аввалин шуда Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоби такрорӣ ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Қодиров табрик намуд.

-Дар муддати 90 рӯз мо барои баргузории интихоботи президентӣ ҷиддан омодагӣ гирифтем. Инро натиҷаҳои бадастомада низ тасдиқ менамоянд. Баъзе нозирони байналмилалӣ эътироф намуданд, ки Ӯзбекистон дар баргузории интихоботҳо таҷрубаи бой ҳосил намудааст ва он қобили пайравӣ мебошад,-мегӯяд масъули дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Ҷалолиддин Усмонов.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 31 октябр эълон карда хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь