Мувофиқи маълумоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон, дар як шабонарӯзи гузашта 214 нафар шаҳрвандони ин кишвар ба бемории коронавирус сироят шудаанд. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол теъдоди умумии сироятшудагони ин беморӣ дастикам ба 17 ҳазор нафар расидааст.

Ин манбаъ мегӯяд, 7 ҳазору 599 нафар бемор зери муолиҷаи пизишкон қарор доранд. Аз ин шумор вазъи 81 нафар вазнин ва вазъи 23 нафар хеле вазнин арзёбӣ мешавад. 87 нафар бар асари сирояти ин беморӣ вафот кардаанд. Дар миёни онҳо кормандони соҳаи тиб низ ба қайд гирифта шудаанд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади хоси видеоӣ вазъи марбут ба коронавирус дар кишварашро хеле нигаронкунанда арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар чаҳор рӯзи охир 2 ҳазору 136 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд ва 1 ҳазору 218 ё 57 дарсади онҳо ба шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд рост меояд.

Ҳоло барои қабули сироятшудагон ё гумонбарони ин беморӣ дар бемористонҳо ва клиникаҳои зиёд катҳои иловагӣ омода карда мешаванд. Аз ҷумла, дар 16 клиникаи шаҳри Тошканд ба таври иловагӣ ҷойҳои қабули беморон ташкил карда шудааст. Ҳар кадоми он 850 нафар беморро барои ташхис ва муолиҷа пазируфта метавонад. Қарор аст, ки ҳар як корманди тиб, ки дар ин клиникаҳо хизмат мерасонанд, бар иловаи маошашон рӯзмарра 6 фоиз ҳақи иловагӣ низ дастрас намоянд.

Президент Мирзиёев амр кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар назди клиникаҳо кассаҳои худро ифтитоҳ кунанд ва ба пизишкону хоҳарони шафқат дар ҳар 14 рӯз ин кассаҳо музди иловагиашонро пардохт намоянд.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, дар шароити ногувори пандемияи коронавирус аз хобгоҳҳои донишгоҳҳо, варзишгоҳҳои болопӯшида ва бархе аз биноҳои васеъ ба ҳайси шифохона бояд истифода шавад. Ин барои таҳти муолиҷа қарор додани беморони бештар хеле мусоидат хоҳад кард.

– Дар давлатҳои хориҷӣ нафасгирии беморони шушашон осебдида аз роҳи истифодаи консентраторҳои ҳаво ва ниқоб пӯшонидашуда ва ба дасти беморон бастани пулсоксиметрҳо хеле осон шудааст. Барои ҳамин нахуствазир бояд дар зудтарин фурсат, ҳатто аз роҳи ташкил кардани ҳавопаймои махсус, мусоидат кунад, ки соҳибкорон ин консентраторҳои ҳаворо зудтар харидаву ба Ӯзбекистон оваранд,- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тибқи хабарҳои расида, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев эълон кардааст, ки клиника ва шифохонаҳои шаҳр ба хизмати иловагии кормандони миёнаи тиббӣ – хоҳарони шафқат ниёз доранд ва ӯ омода аст барои онҳо маоши 15-миллионсӯмӣ муқаррар кунад. Аммо ин хабарро дафтари матбуоти шаҳрдорӣ тасдиқ ё такзиб накард.

Вазъияти шиддатноки марбут ба доман фарох намудани коронавирус дар Ӯзбекистон рӯзмарра тавассути шабакаҳои телевизиони давлативу хусусии Ӯзбекистон, матбуоти даврӣ ва ҷамъомадҳо баррасӣ мегардад. Ҳамеша аз мардум тақозо мешавад, ки худ ва аъзои хонаводаашонро эҳтиёт кунанд, бидуни зарурат ба кӯчаву бозорҳо набароянд ва дар хона монанд.

Аз 10-уми июли соли равон дар байни соати 10:00 то 17:00 дубора шаҳри Тошканд ва шаҳру деҳи соири вилоятҳои Ӯзбекистон аз мошину одамон холӣ мебошад. Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавируси ин кишвар чораҷӯии мазкурро ба он далел дубора ҷорӣ намудааст, ки аз пахши коронавирус дар миёни аҳолӣ бештар ҷилавгирӣ шавад, дар акси ҳол, вазъияти эпидемиологӣ хеле бад шуда меравад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь