17-уми сентябр шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон мизбони як конфронси бошукӯҳи байналмилалиро бар дӯш дошт. Дар чаҳорчӯби ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон ва конфронси “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ”, ки дар шаҳрҳои Тошканд ва Хива баргузор гардиданд, таҳти унвони “Муайян намудани салоҳияти бостоншиносию туризм ва идора кардани мерос” конфронс баргузор шуд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати туризм ва варзиш, Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон, Пажуҳишгоҳи тадқиқоти байналмилаллии Осиёи Марказӣ ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо гардидааст. Қаблан ба феҳрасти Мероси умумбашарии ЮНЕСКО 32 ёдгории Ӯзбекистон ворид карда шудааст.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронс омӯзиши меросу ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва оммавӣ гардонидани он мебошад. Азиз Абдуҳакимов, ноиби нахуствазир ва вазири туризм ва варзиши Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар ин конфронс гуфт, ки гирдиҳамоии олимону мутахассисон ва коршиносон аз мамолики зиёди олам барои мардуми тамоми Осиёи Марказӣ рӯйдоди муҳим мебошад.
– Интизор меравад, ки дар ин конфронс санади хеле муҳим Эъломияи принсипҳои идоракунии мероси бостоншиносии Осиёи Марказӣ баррасӣ ва қабул карда шавад. Ин аввалин ташаббус дар самти мазкур аст, ки дар таърихи минтақа ва ваҳдати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати омӯзиш, ҳифз ва таблиғу оммавӣ шудани мероси бостоншиносӣ дар сатҳи байналмилалӣ хидмат мекунад, – иброз намуд Азиз Абдуҳакимов.
Ба таъкиди ӯ то ин замон объектҳои зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бостоншиносӣ ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Ба ин нигоҳ накарда, як қатор объектҳо ба ин феҳраст шомил хоҳанд шуд. Тавре Азиз Абдуҳакимов қайд кард, ба рӯйхати мероси умумбашарии ЮНЕСКО панҷ ёдгории Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил карда шудааст, ки 0,4 дарсади ҳаҷми умумии ёдгориҳои ин кишварро дар бар мегирад.
Азиз Абдуҳакимов тазаккур дод, ки бо дастури вай моли апрел-майи соли равон дар Қароқалпоқистон экспедитсияи байналмилалӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар доираи номинатсияҳои “Роҳи абрешим: Пайроҳаҳои Амударё”, “Мероси қадимии Хоразм” ва “Сетеппаи Миздоқхон” ёдгориҳои Қароқалпоқистон ба стратегияи шомил намудани он ба феҳрасти мероси умумбашарии ЮНЕСКО асос гузоштааст.
Мурод Камолов, раиси Ҷуқорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон меҳмононро хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки чунин анҷуман дар доираи бонуфуз бори нахуст оид ба масъалаи бостншиносӣ баргузор мегардад.
– Ин ҷо олимону мутахассисони маъруфро мебинам, ки ба Қароқалпоқистон ташриф овардаанд ва дар ин анҷуман ширкат мекунанд. Мо аз ин ташрифи меҳмонон ифтихор мекунем. Дар сарзамини қароқалпоқ даҳҳо ва садҳо ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва бостоншиносӣ маҳфузанд. Дар осорхонаҳои мо ҳар кас метавонад намунаҳои беҳтарини осори фарҳангиву таърихиро пайдо кунад, – гуфт Мурод Камолов.
Вай таъкид кард, ки дар солҳои охир туризм дар Қароқалпоқистон рушду ривоҷ меёбад. Фурудгоҳи Нуқус комилан бозсозӣ гаштааст ва барои қабули ҳар гуна ҳавопаймоҳо мусоидат мекунад.
– Ин форумест, ки дар доираи хеле васеъ баргузор гардид. Мо, олимони соҳаи бостоншиносии Тоҷикистонро низ ҷиҳатҳои хеле муҳим бо Паажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ мепайвандад. Мо лоиҳаҳо ва тдқиқоти зиёдро муштаракан мегузаронем ва амалӣ мекунем. Дар ин ҷо маросими муаррифии китоби ман “Бостоншиносони Тоҷикистон” низ баргузор гардид ва олимони зиёд онро гирифтанд ва маро хеле хушҳол намуданд, – мегӯяд номзади улуми таърих ва корманди Пажуҳишгои бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Галина Каримова.
Ҳамсуҳбаи мо афзуд, ки илми бостоншиносиро аксарият хеле хуб медонанд, вале бостоншиносон ба онҳо чандон муаррифӣ нашудааст.
– Ин конфронс боис гардид, ки бо бостоншиносони зиёди хориҷӣ дидору мулоқотҳо анҷом диҳем ва масъалаҳои муҳими ин соҳаро баррасиву муҳокима кунем. Хушҳол шудам, ки дар муддати сӣ соли истиқлол дар Ӯзбекистон низ бостоншиносон ба пешрафтҳои хеле бузург ноил шудаанд. Минбаъд мо чунин ҳамкориҳоро тақвият хоҳем бахшид ва конфронсҳои муштарак баргузор хоҳем кард, – иброз дошт Галина Каримова.
Дар доираи конфронси байналмилалии бостоншиносии Нуқус фестивали ҳунари бахшигӣ низ баргузор гардид ва меҳмонон аз суруду таронаҳо ва мусиқиҳои форами мардуми қароқалпоқ баҳра бурданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Фараж”,
шаҳри Нуқус, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон