22-юми сентябр дар саросари олам “Рӯзи байналмилалии бидуни мошин” эълон шудааст. Ба ин муносибат дар ин рӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи бидуни мошин гузаронида шуд. Дар он роҳбарони тамоми ташкилоту вазоратҳо, идора ва муассисаҳо ширкат карданд.

Маълум шуд, ки рӯзи байналмилалии бидуни мошин аксарияти роҳбарон худро аз хона то ҷойи кор пиёда ё дучархасавор расонидаанд.

– Ман дирӯз ҳудуди ҳаштуним километр масофаи байни хонаву ҷойи корамро пиёда тай кардам. Ин кор ба ман хеле завқ бахшид. Ин амаламро дар саҳифаи фейсбукии худ онлайн пахш кардам. Пиёдагардӣ барои саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Таассуф мехӯрам, ки аз чунин имкони пиёдагардӣ на ҳамеша истифода карда метавонам, – гуфтааст вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов.

Вазорати туризм ва варзиши Ӯзбекистон дар рӯзи байналмилалии бидуни мошин озмун эълон кардааст. Дар ин озмун ходимони воситаҳои ахбори умум, блогнависон ва шахсони хоҳишманд ширкат кардаанд.

Онҳоро дар ин иқдом ширкат карда, акс, наворҳои видеоӣ ва амсоли онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Мувофиқи озмун  онҳое ғолиб дониста хоҳанд шуд, ки маводашонро теъдоди зиёди корбарон мебинанд. Панҷ нафар  ғолиби ҷойи якум бо дучарха ва панҷ нафари ҷойи дуюм бо таҷҳизоти варзишӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар шарти озмун қайд шудааст, панҷ нафар намояндаи воситаҳои ахбор ва блогнависон низ, ки дар ин иқдом фаъолнокии бештар нишон додаанд, соҳиби дучарха мешаванд. Гуфта мешавад, мукофотҳо ба соҳибонашон  27-уми сентябр – дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии туризм тақдим мегарданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж” шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь