Ба иттилои дафтари матбуоти  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1887 нафар шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус сироят шудаанд. Аз ин шумор 789 нафар саломатии худро барқарор намуданд ва 8 нафар вафот карданд.

Дар ҳамин ҳол 1090 нафар сироятшудаи ин бемории хатарнок зери назорат қарор доранд. Гуфта мешавад, 13 нафари ин беморон дар ҳолати вазнин қарор доранд ва пизишкон барои барқарор кардани саломатии онҳо ҷиддан мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳ мутахассисони Чин дар Ӯзбекистон ба ҳамтоёни ӯзбекистонии худ ҷиҳати муоина ва муолиҷаи сироятшудагони бемории коронавирус ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз пахши он дар миёни аҳолии ин кишвар машғулиятҳои машваратӣ мегузаронанд. Дар рӯзҳои охир маслиҳати фосилавии тиббӣ ҷорӣ шудааст.

Барои муборизаи шадид бо коронавирус дар ин кишвар беш аз пеш чораҷӯиҳои зиёд пиёда мешаванд. Ҳукумат барои расонидани хизмати иловагӣ ба беморон ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ходимони стансияҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аз буҷаи худ маблағҳои иловагӣ ихтисос додааст.

26-уми апрел як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона аз Куриёи Ҷанубӣ дар майдони ҳавоии  Тошканд фуруд омад. Бино ба хабаргузории “Дунё” ин кумаки башардӯстона аз таҷҳизот ва дорувори тиббӣ иборат буда, баробари 1 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь