Кумитаи Оскари Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии худ филми “Ду ҳазор суруди Фарида”-ро барои пешниҳод ба мукофоти Оскар интихоб кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти “Ӯзбеккино” хабар дод.

Кумитаи Оскар дар Ӯзбекистон бо ташаббуси Агентии миллии “Ӯзбеккино”, Иттифоқи ҷавонон ва Комисиюни миллии синамои ин кишвар ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин филми ҳунарӣ аз тарафи Агентии миллии “Ӯзбеккино” барои номинатсияи “Филми беҳтарини ҳунарии байналмилалӣ” пешниҳод мегардад. Филми мазкур дар студияи “Fox music cinema” ба навор бардошта шудааст. Коргардони он Ёлқин Тӯйчиев мебошад.

Дар филми “Ду ҳазор суруди Фарида” ҳодисаву воқеаҳои сиёсии аввали асри бист мунъакис ёфтаанд, ки дар Туркистон ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар меҳвари филм ҳаёти як хонавода қарор гирифтааст.

Қаҳрамони ин филм Комил бо се ҳамсараш дар як гӯшаи Туркистон, бидуни он ки ба ҳамаи ҳодисаҳои сиёсии атроф сару коре дошта бошад, машғули зиндагии худ мебошад. Баъд ба ин оила боз зани чоруми ӯ мепайвандад, ки боиси рух додани чанд низои хонаводагӣ ва пароканда шудани аъзои он мегардад.

Наворбардори филм Баҳодур Йӯлдошев, рассом Бектош Раҷабов муаррифӣ шудаанд. Директори филм Шавкат Ризоев мебошад.

Нақшҳои марказии филми “Ду ҳазор суруди Фарида”-ро ҳунармандони театр ва синамои Ӯзбекистон Баҳром Матчонов, Юлдуз Раҷабова, Элмира Раҳимҷонова, Марҷона Ӯлҷаева, Санобар Ҳақназарова ва Нодира Ҳоҷиқулиева бозидаанд.

Маросими супоридани мукофоти 93-уми Оскар 25 апрели соли 2021 дар театри “Dolby”-и шаҳри Лос-Анҷелос баргузор хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь