Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон омадааст, ки воқеаҳои ахири Қазоқистони бародарӣ нигарониҳоро дар кишвар ба бор овардааст. Вазорати хориҷа ибрози умедворӣ кардааст, ки вазъият дар ин кишвари ҳамҷавор таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

“Итминони комил дорем, ки мардуми хирадманди Казокистон метавонад аз авҷ гирифтани бесуботӣ дар кишвар, аз хушунат ва талафоти инсонӣ пешгирӣ кунад”, зикр гардидааст дар ин изҳорот.

Дар пайи он Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ибрози боварӣ кардааст, ки мардуми Қазоқистон барои нигоҳ доштани ҳамдигарфаҳмӣ, барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар ва ҳалли мустақилонаи мушкилот азму иродаи кофӣ доранд.

“Узбекистон бори дигар талошҳои мардум ва раҳбарияти Қазоқистонро барои таъмини суботу шукуфоии кишвар ва некӯаҳволии халқи он тасдиқ менамояд”, қайд гардидааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Тибқи маълумоти  расмӣ  Ӯзбекистон парвозҳо аз майдони ҳавоии Урганҷи вилояти Хоразм ба шаҳри Оқтови Қазоқистонро то хатми намоишҳои эътирозӣ лағв намудааст. Гуфта мешавад, ки майдони ҳавоии Оқтов муваққатан барои қабули парвозҳо омода нест.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь