Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагиро ба интихоботи пеш аз муҳлати президенти ҷумҳурӣ дар ин кишвар шуруъ кард.

Комиссияи марказии интихобот (КМИ) ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 128-и Конститутсия президент ҳақ дорад интихоботи пеш аз муҳлат таъин кунад. Ҳамчунин, бар асоси моддаи 66-и Кодекси интихобот, ҳангоми таъини интихоботи пеш аз муҳлати президент интихобот дар давоми ду моҳ баргузор мешавад. Дар баробари ин муҳлати иҷрои тадбирҳои омодагӣ ва гузарондани интихоботро Комиссияи марказии интихоботӣ мукаррар мекунад.

Бо фармони президент Шавкат Мирзиёев, интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ 9-уми июли соли равон таъйин шудааст. Мирзиёев даст кашидан аз сеюним соли оянда дар қудратро ба чанд далел шарҳ дод, ки муҳимтарин он, ба гуфтаи худаш, «тибқи қонуни асосӣ, пеш аз ҳама, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ислоҳ мешаванд, таносуб ва ҳамбастаигву таодул байни онҳо ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад». Яъне, кори фаъолият дар ҳукумат бояд аз сар гирифта шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь