Вазорати тандурустии Ӯзбекистон боз се ҳолати нави гирифторӣ ба вируси COVID-19-ро муайян кард. Дар ин бора Агентиии иттилоотии Uznews дар такя ба Вазортаи тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.
Нахустин ҳолати гирифтори ба коронавирус дар Ӯзбекистон, субҳи 15-уми март аз ҷисми як зан, ки аз Фаронса ба ин ҷумҳурӣ омада буд, ошкор гардид. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ҳамаи 45 нафаре, ки тавассути хатсайри Париж-Тошкент ба Ӯзбекистон омада буданд, ба қарантин фаро гирифта шуданд.
Дар Пажуҳишгоҳи вирусологӣ тамоми аъзоёни оилаи ин зан муоина шуданд. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки писару духтари бемор низ ба коронавирус сироят шудаанд.
Ғайр аз ин, дар як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки субҳи 15-уми март аз Истанбули Туркия омадааст, вируси корона ошкор шудааст.
Бино ба гузориши дафтари шаҳрдории Тошкент, бо мақсади мубориза бурдан бо коронавирус, дезинфексияи маҷбурии дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бештар гузаронида мешавад. Барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тозагӣ ва тартиботи ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҳар чор соат як ҳолати санитарӣ гузаронида мешавад.
Рӯзи гузашта дар як брифинги хабарӣ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз тадбирҳои нави Ҳукумат алайҳи коронавирус иттилоъ дод.
– Рӯзи душанбе донишгоҳҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо баста мешаванд, – гуфт сарвазир. – Аз 16-уми март Ӯзбекистон алоқаи ҳавоӣ ва роҳро бо кишварҳои дигар мебандад.
Сарвазир инчунин таъкид кард, ки Ӯзбекистон бо роҳи ташкили парвозҳои махсус, шаҳрвандони худро фавран аз хориҷи кишвар мебарорад. Ӯзбекҳое, ки ба ватанашон бармегарданд, тӯли ду ҳафта дар карантин хоҳанд буд.
Пас аз ошкор шудани ҳолати коронавирус дар Ӯзбекистон, рӯзи якшанбе сокинон дарҳол ба мағозаҳо рафта, ба таври фаъол антисептикҳо, собун, хокаҳо, қоғази ташноб, оби ошомиданӣ, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулот харидорӣ мекарданд.