Ба итттилои дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, додгоҳи низомии ин кишвар мурофиаҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии А. Ярбобоев ва Е. Ярбобоеваро ба охир расонд, ки дар хиёнат ба ватан айбдор дониста шудаанд.
Дар ҷараёни мурофиаҳои пушти дарҳои баста, ки гуфта мешавад, муддати дароз давом кард, шаҳодати гувоҳҳо ва айбдоршавандагон шунида шуд. Баъди баррасии дақиқи парвандаҳо додгоҳ А. Ярбобоев ва Е. Ярбобоеваро дар содири ҷиноятҳои вазнин муттаҳам кард.
Бо дарназардошти характери ҷиноят ва сатҳи хатари иҷтимоии он, ҳолатҳои шахсӣ ва оилавии айбдоршавандагон, ҳамчунин ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунада Акбар Ярбобоев ба 11 солу 6 моҳи зиндон маҳкум гардид.
Додгоҳи низомӣ ба Е. Ярбобоева 6 соли ҳабсро таъйин намуд. Вай аз сипарӣ намудани ин муддат шартан озод карда шуд. Ба вай се сол муддати озмоишии ҳабс таъйин гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, чунин ҳукм ба принсипҳои инсондӯстӣ ва адолатнок асоснок карда шуд, ки дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қонунгузориҳои ҷиноятӣ нишон дода шудаанд.
Акбар Ярбобоев соли 1986 Мактаби олии ҳавонавардии Качинскро хатм кардааст ва аз соли 1993 дар Вазорати дифои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифои вазифа намудааст. Соли 2006 вай аз тарафи президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов бо ордени “Шараф” сазовор гардидааст.
Номи Ярбобоев зимни баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ мудири Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон, сиёсатшинос Рафиқ Сайфулин, ки он пушти дарҳои баста сурат гирифтааст, низ хотиррасон шудааст. Р. Сайфулин моҳи майи соли равон дар хиёнат ба ватан ба 12 соли ҳабс маҳкум карда шуд.
Дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Ӯзбекистон қайд намудааст, ки якҷоя бо Сайфулин дар ҷосусӣ ба фоидаи Русия ва ифшо намудани сирри давлатӣ боз қариб даҳ нафар низомиёни ӯзбекистонӣ ба додгоҳ кашида шудаанд. Мақомоти Ӯзбекистон аз ифшои тафсилоти бештари ин парвандаҳо худдорӣ кардаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд