Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон то ин давраи соли равон кормандони ин ниҳод аз буҷаи давлат ба тороҷ бурдани 260 миллиард сӯмро маълум кардаанд.

Гуфта мешавад, то ин муддат 436 ҳодисаи ба тороҷ бурдани амволи давлатӣ фош карда шудааст. Хусусан, дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва барқ чунин дуздиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Бино ба хабари ин манбаъ, тамаъкорӣ ва суистифода аз мақому вазифа дар миёни роҳбарони як қатор идораҳои давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 89 ҳодиса ошкор гардидааст, ки маҳз ба чунин ҷиноятҳо марбут мебошанд ва аз тарафи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ содир карда шудаанд.

Аз ҷиноёти дигаре, ки кормандони Додситонии кулли ин кишвар фош карданд, дар ҳуҷҷатҳо нишон додани нархи баланди маҳсулот мебошад, ки барои таъмини эҳтиёҷоти корхонаҳову муассисаҳо ва ниҳодҳои дигар харидорӣ мешаванд.

Роҳбарони идораҳои сатҳи гуногуни соҳаи тандурустӣ, таълими халқ, фарҳанг ва бахши сӯзишвориву энергетикӣ бо иртикоби чунин ҷиноятҳо боздошт шудаанд ва дар муқобили онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ шудаанд.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон мегӯяд, дар айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар сохтумони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва иншоотҳои дигари маишиву фарҳангӣ хеле вусъат пайдо кардааст. Бархе аз ин сохтумонҳо аз буҷаи давлат сохта мешаванд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Муфаттишони додситонӣ маълум кардаанд, ки аз тарафи роҳбарони идораҳои сохтмонӣ ба хазинаи давлат 60 миллиард сӯм зарари молӣ ворид шудааст. Гузашта аз ин, дуздиву ба тороҷ бурдани маблағҳои буҷавӣ ҳангоми сохтану бозсозӣ намудани объектҳои иҷтимоӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ғайр аз хиёнат ба амволи давлатӣ ба таври дигар онро наметавон арзёбӣ кард.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як соли охир мубориза алайҳи ришвахорӣ ва ҷилавгирӣ аз дуздиву ба тороҷ бурдани амволи давлатӣ дар идораҳои давлатиро беш аз пеш тавсеъа бахшидааст. Гуфта мешавад, натиҷагириҳо собит мекунанд, ки садҳо миллард сӯми дуздидашудаву ғоратгардида ба хазинаи давлат бозгардонида мешаванд ва ҷинояткорон ба ҳукми қонун ҳавола мегарданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь