Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд, дар посух ба пурсиш яке аз сокинони вилояти Қашқадарё дар мавриди мавқеи Узбекистон дар бораи неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки кишвараш дигар бо ин тарҳ мухолифат намекунад.

Комилов таъкид кардааст, Узбекистон ва Тоҷикистон бояд бар сари ин мавзӯъ ба тавофуқ бирасанд ва Душанбе низ манфиатҳои Тошкандро ҳангоми такмили сохти ин неругоҳ дар назар гирад.

Ин дар ҳолест, ки соли 2014 муовини аввали сарвазири Узбекистон Рустам Азимов гуфта буд, Тошканд ҳаргиз ва дар ҳеҷ шароите аз тарҳи Роғун ҳимоят нахоҳад кард.

Соли 2007 низ вазири корҳои хориҷаи Узбекистон Владимир Норов дар нишасте дар Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки сохти неругоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон барои амнияти зист муҳитӣ ва бахши кишоварзии Узбекистон хатари бузурге эҷод хоҳад кард ва тарафи Тоҷикистон набояд аз манфиатҳои Узбекистон ва муқаррароти созмонҳои байналмилалӣ дар бораи сохти неругоҳҳои барқӣ, сарфӣ назар кунад.

Президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов аз сарсахттарин мухолифи бунёди неругоҳи Роғун дар минтақа буд. Баъди вафоти ӯ ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя тағйироти мусбате ба вуҷуд омада, аксари мухолифатҳо дар ҳоли поён ёфтан аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь