Баъди даргириҳои миёни сокинони ноҳияи тоҷикнишини Сӯи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо бошандагони деҳаи Чечмаи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Қирғизистон, ки 31-уми майи соли  равон рух дод, вазъият ба эътидол омадааст. Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ҳамон рӯз ба ҷои ҳодиса рафта, бо намояндагони ҷониби Қирғизистон барои мӯътадил сохтани авзоъ гуфтушуниди фаврӣ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳияи Сӯх теъдоди ярадорони ин низоъро 187 нафар арзёбӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки аксарияти ҷароҳатбардоштагон ба хонаҳои худ баргаштанд. Як гурӯҳи онҳо тавассути чархболи низомӣ ба шифохонаи маркази вилоят интиқол дода шудаанд.

Тибқи хабарҳои ҷониби Қирғизистон захмиёни ин ҳодиса дар миёни сокинони деҳаи Чечма 25 нафарро ташкил додааст.

– Дар мулоқоте, ки сарвазири ҷумҳурӣ Абдулло Арипов бо мардуми ноҳияи Сӯх баргузор намуд ва дар он ҳазорҳо нафар ширкат намуданд, ҳамаи масъалаҳои умда ва мушкилоти ҷиддӣ ошкоро баррасӣ гардиданд, – мегӯяд бошандаи деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх Камолиддин Азизов.

Вай меафзояд, ки мардуми Сӯх ҳамеша тарафдори сулҳу оромиш ва ҳамсоядории нек мебошанд, аммо садҳо гектар боғу майдонҳои кишти мардуми як қатор деҳаҳои ноҳияи Сӯх аз беобӣ хушкидаву кишт нокарда монданд. Боз сокинони деҳаи ҳамсояи Чечме хостанд, ки пеши оби чашмаро банданд ва мардумро бе оби нӯшокиву обёрӣ қарор диҳанд.

– Онҳо аз чаҳор тараф оби чашмаҳоро барои мо бастаанд, аммо барои чанд деҳаи фаромарзии онҳо аз миёни деҳаҳои мо оби дарёи Сӯх барои онҳо чаҳор фасли сол ҷорист, – иброз медорад сокини дигари ин ноҳия, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.

Ба таъкиди ӯ дар натиҷа мардуми ноҳияи Сӯх солона миллиардҳо сӯм зарар мебинанд.

Маълум шуд, ки масъалаи пулчинии милисаҳо, марзбонон ва гумрукчиёни Қирғизистон аз мардум ва ронандагони ноҳияи Сӯх низ дар мулоқот бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов матраҳ гардидааст. Бино ба гуфтаи сӯхиён  таҳқиркунӣ, таҳдид ва камситоиҳо яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани низоъи байни ду халқ мебошад.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов мардуми ноҳияи Сӯхро итминон додааст, ки дигар ин иллатҳо такрор нахоҳанд шуд ва бо боз шудани роҳҳо мардуми ноҳияи Сӯх бидуни монеа аз тариқи марзи Қирғизистон равуо хоҳад кард.

Дарвоқеъ, дар ин рӯзҳо вазирон ва роҳбарони идораҳои зиёди давлатӣ аз Тошканду Фарғона ба ноҳияи Сӯх меоянд ва бо вазъият ва зиндагии мардуми он аз наздик ошно мешаванд, ба дарду доғи онҳо гӯш меандозанд.

Гуфта мешавад, ҳоло давлати Ӯзбекистон барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии мардум татбиқи лоиҳаҳои зиёдро барномарезӣ кардааст. Аз ҷумла, давлат барои 500 нафар хатмкунандаи мактабҳои таълимоти умумӣ ва коллеҷу литсейҳои ноҳияи Сӯх квотаҳо ҷудо намудааст, то ҷавонон битавонанд дар донишгоҳҳои дилхоҳи худ машғули таҳсил шаванд.

Дар ноҳияи Сӯх чанд бинои панҷ ва ҳафтқабатаи истиқоматӣ низ сохта хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, барои рушду ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳияи тоҷикнишин Ҳукумати Ӯзбекистон 1 триллион сӯм ё муодули я миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Бо ин маблағ масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳаллу фасл мегарданд ва  дар деҳоти он корҳои ободонӣ пиёда карда мешаванд.

Давлати Ӯзбекистон аз мардуми ноҳияи Сӯх ба муддати як сол ситонидани андозро низ мутаваққиф сохтааст. Далел оварда мешавад, ки қисми зиёди заминҳоро мардум ба иллати беобӣ истифода намебаранд.

Масъалаи асосиие, ки ман мардумро ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст, баста будани якчанд гузаргоҳҳо аз ҷониби Қирғизистон мебошад. Итминон дода мешавад, ки кушодани роҳи Сӯх-Риштон ва Сӯх-Яйпан бо ҷониби Қирғизистон баррасӣ ва дар зудтарин фурсат ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар иҷлосияи ғайринавбатии депутатҳои халқи ноҳияи Сӯх сардори ШКД ноҳияи Сӯх Сайидбурҳон Сайидмӯсоев ҳокими ноҳия тайин гардид. Ба ҷои ӯ полковник Қосимҷон Раҳимбердиев, ки зодаи Сӯх мебошад ва дар шаҳри Тошканд кор мекард, сардори ШКД ноҳия тайин гардид. Ба мақоми ҷонишини якуми ноҳия   Маъмурҷон Ботиров ва ҷонишини ҳоким оид ба сиёсати ҷавонон мудири кафедраи Институти такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии вилоят Бобосодиқ Латипов тайин гардиданд, ки ҳарду зодаи ноҳияи Сӯх мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь