Дар шаҳри Тошканд 28-уми сентябр фестивали байналмилалии синамои Тошканд оғоз меёбад. Ин фестивал бори нахуст соли 1968 ба номи “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин” баргузор гардида, то соли 1988 давом кардааст.

Ҳоло дар шаҳри Тошканд барои баргузории ин фестивали синамо корҳои омодагирӣ вусъат пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, он бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора эҳё гардидаву роҳандозӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки фестивали байналмилалии синамои Тошканд зери унвони “Дурдонаҳои роҳи бузурги абрешим” сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки дар мараосими ифтитоҳи ин фестивал аз 37 кишвари олам 400 нафар синамогар иштирок мекунанд ва 55 нафари онҳо аз шумори коргардонҳои машҳур мебошанд.

Тавре ки дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии “Ӯзбеккино” Фирдавс Абдухолқов гуфт, дар чаҳорчӯби фестивал “Рӯзи синамои ҷаҳонӣ” баргузор мегардад, ки филмҳои 13 кишварро ба намоиш мегузорад.

Вай афзуд, ки дар фестивали Тошканд ҳайати синамогарони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Дар ин ҳайат Мамадкарим Соҳибзода, Шӯҳрат Қудратов, Тилло Некқадамов, Насриддин Нуриддинов, Муҳаббатхон Сатторова, Искандар Усмонов, Заур Дахте, Далер Раҳматов, Акмал Абдуллозода, Комрон Сафаров шомил ҳастанд.

– Маросими рӯзҳои синамои Тоҷикистон 29 сентябр дар Театри калони академикии опера ва балети ба номи Алишери Навоӣ оғоз меёбад. Дар ин маросим намояндагони синамои тоҷику ӯзбек дар бораи робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва дурнамои ҳамкориҳои худ ҳарф хоҳанд зад, – мегӯяд Фирдавс Абдухолиқов.

Маълум шуд, ки 30 сентябр ва 1 октябр намоиши филмҳои Борис Кимёгаров “Тақдири шоир”,  , аз ҷумла Тоҷикистон “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Рақси ҳаёт”-и Абдукарим Машрабовбаргузор мегарданд.

Рӯзҳои синамои тоҷик дар саросари Ӯзбекистон идома хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки 1 октябр синамогарони Тоҷикистон  ба вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон мераванд. Дар он ҷо мулоқотҳо баргузор мегарданд ва дар Андиҷон филми “Автобус”-и Носир Саидов ба намоиш гузошта мешавад.  Дӯстдорони филмҳои тоҷикӣ дар кинотеатри “Нурхон”-и шаҳри Фарғона “Орзуҳои музофотӣ”-и коргардони тоҷик Румия Шоазимоваро тамошо мекунанд.

Ба ин тартиб, фестивали байналмилалии синамои Тошканд дар арафаи оғоз ёфтан мебошад. Дар кинотеатри “Панорама”-и шаҳри Тошканд як қатор филмҳое ба намоиш гузошта хоҳанд шуд, ки ба фестивал пешниҳод шудаанд.

Синамогарони Озарбойҷон, Белорус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Россия, Туркия, ИМА ва Тоҷикистон зимни мулоқоти онлайнӣ иброз намуданд, ки аз барқарор гардидани фестивали байналмилалии синамои Тошканд хеле хушҳоланд, зеро он имкон фароҳам меоварад, ки онҳо ба дидори ҳамдигар мерасанд ва ҳамкориҳои навро бо рӯҳияи баланд ба роҳ мемонанд.

– Ин фестивали синамо ба иди ҳақиқии синамогарон табдил хоҳад ёфт. Кайҳо ин фестивалро интизорӣ мекашидем. Ман 15 сол пеш дар шаҳри Тошканд удам ва ҳоло боз ба дидани ин шаҳри бузург меоям. Ҳамкорони зиёди худро он ҷо хоҳам дид,-гуфт Евгения Маркова аз Россия.

-Дар фестивал мо бо 7 филм иштирок мекунем. Умедворам, ки он дар сатҳи хеле баланд баргузор мегардад,-мегӯяд раиси Департаменти синамои Қирғизистон Элмира Мамитова.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь