Ба далели пахши коронавирус роҳи ягонаи Сӯх-Қадамҷо-Фарғона ва Шоҳимардон-Қадамҷо-Фарғона, ки марзи Қирғизистонро бурида мегузарад, муддати дароз ба ин сӯ бастааст. Ин ҳол мардуми минтақаи мазкурро ба нигарониҳо мувоҷеҳ кардааст ва онҳо интизоранд, ки мақомоти ду кишвар сари ин масъала ба муросову мадоро оянд, то мардум аз ин бунбаст наҷот ёбанд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, як гурӯҳ сокинони ноҳияи Сӯх, ки барои иҷрои корҳои гуногуни шахсиву давлатӣ ба шаҳри Тошканд, маркази вилоят – шаҳри Фарғона ва соири шаҳру ноҳияҳои дигар сафар карда буданд ва муддати дароз сарсону саргардон мегаштанд, аз тарафи ҳокимияти вилояти Фарғона бо ташкили як қатори вижаи автобусҳо дубора ба Сӯх баргаштанд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, аммо ҳанӯз теъдоди одамоне, ки дар Фарғона банд мондаанд ва мехоҳанд ба ноҳияи Сӯх баргарданд, хеле зиёданд ва аз имкони бозгашт ба хонаҳои худ маҳрум мондаанд.
Аз соли 2013 ба ин сӯ аз се гузаргоҳи марзии миёни Ӯзбекистону Қирғизистон, ки ба воситаи он мардуми Сӯх, деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона ба минтақаҳои дигари кишвари худ равуо мекарданд, танҳо як гузаргоҳ фаъол боқӣ мондааст. Аммо дар ин давраи шиддат ёфтани коронавирус ва маҳдудиятҳои карантинӣ баъзан ин роҳ бозу баъзан масдуд мебошад.
Борҳо перомуни он, ки мардум то давраи карантин низ бо мушкилоти зиёд аз тариқи он равуо мекарданд, барои муштариёни “Фараж”гузоришҳо ироа кардаем. Вале дар айни ҳол чунин ба назар мерасад, ки ин мушкил асло ҳал намешавад ва дар замири аҳолии ин минтақаҳо шӯълаи умед хомӯш шудааст.
Равуои бошандагони ноҳияи Сӯх ва деҳоти Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона аз тариқи марзи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент кайҳост, ки қатъ шудааст, ба ин далел мардуми он дар муҳосира мондаанд.
– Танҳо дар сурати зарурат ҳамсояҳо иҷоза медиҳанд, ки аз ноҳияи Сӯх, ҳамчунин ҷамоати Шоҳимардони ноҳияи Фарғона беморони вазнин ба маркази вилоят интиқол ёбанд. Аз маркази вилоят дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти истеъмолии мавриди ниёзи мардуми ин минтақа низ маҳз ба воситаи ноҳияи Қадамҷо интиқол дода мешаванд, – мегӯяд як корманди ҳокимияти ноҳияи Сӯх, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.
Ба таъкиди ӯ, ҳар рӯз мушоҳида кардан мумкин аст, ки қатори мошинҳои бордори зиёд дар назди посгоҳи марзӣ бо Қирғизистон дар навбат истодаанд. Ронандаҳои он мунтазиранд, ки ҳамсояҳои қирғизашон роҳро боз кунанд ва онҳо ба аҳолии деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона ва сокинони ҳаштодҳазорнафараи ноҳияи Сӯх маводро интиқол диҳанд.
Чанде муқаддам раиси ҳукумати вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев бо ҳамтои қирғизи худ ҳокими вилояти Боткент Алишер Абдураҳмонов дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин мулоқот баъди ба миён омадани низоъ ва даргириҳои миёни мардуми ноҳияи Сӯх ва ноҳияи Қадамҷо ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин мулоқот дар баробари ба созиш овардани мардуми ду самти марз ва риояи суннатҳои неки ҳамсоядорӣ, ҳамчунин масъалаҳои истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ, чарогоҳҳои талу теппаҳо, равуо аз тариқи марзи ҳамдигар баррасӣ гардиданд ва тавофуқ шуд, ки дар ҳамаи ин маворид сокинони ду самти ба ягон мушкил мувоҷеҳ нахоҳанд шуд.
Ҳокимони ин ду вилояти ҳамҷавор мардумро итминон доданд, ки натиҷаҳои тавофуқи миёни онҳо мушкилоти зиёдеро рафъ хоҳад кард ва дубора робитаҳои дӯстии мардуми Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар минтақаи мазкур ба маҷрои пештараи худ хоҳад баргашт.
Ёдовар мешавем, ки бар асари даргирии миёни ду халқи ҳамсоя бештар аз ҳама маҳз сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх хисороти зиёди молӣ дидаанд. Ҳамчунин, дар ин низоъ ва сангандозиҳои тарафайн, ҳатто тирпарронии ҷониби қирғиз 187 сокини ноҳияи Сӯх ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд. Яқ қисми онҳо тавассути чархболи низомӣ ба шифохонаи маркази вилоят интиқол ёфтанд ва муддати дароз мавриди муолиҷаи пизишкон қарор гирифтанд. Мувофиқи маълумоти расмии ҷониби Қирғизистон аз он сӯи марз 25 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
– Аз ҳамон тавофуқ ягон натиҷаи мусбатро мушоҳида намекунем. Гузашта аз ин, пеши оби чашмаҳои ҳазорон сол ба фаромарз ҷоришударо ҳамсояҳо доштаанд. Касе аз аҳолии ноҳияи Сӯх ҳақ надорад, ки ҳатто як сар чорвояшро ба кӯҳу дашти атроф барои чарондан барорад, ки қирғизҳо моли худ эълон кардаанд. Дар сурати баровардани чорво ҳамон лаҳза ҳам молу ҳам соҳибашро сарбозони қирғиз дошта мебаранд ва ҳазорҳо доллар ҷарима меандозанд,-мегӯянд мардуми дар муҳосирамондаи ноҳияи Сӯх.
Онҳо боз меафзоянд, ки ба миён омадани шароити мушкил ва ба иллати пахши коронавирус роҳҳои равуо бастаанд ва онҳо аз ин хабар доранд. Аммо ба ақидаи онҳо маҳз дар чунин шароити тоқатфарсо, ки мардуми зиёд онро бо мушкиливу азият паси сар мекунанд, бояд илоҷи раҳоӣ аз ин бумбаст ҷустуҷӯ шавад. Дар акси ҳол зимни пайдо шудани ҳолатҳои изтирорӣ мардуми оддӣ наметавонанд бо истифода аз роҳи тронзитии Сӯх-Қадамҷо-Фарғона ва Шоҳимардон-Қадамҷо-Фарғона беморони худро ба шифохонаҳои марказӣ интиқол диҳанд.
Ногуфта намонад, мардуми зиёд аз он розиянд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини онҳо бо маводи мавриди ниёзашон ҳамеша чораҷӯӣ мекунанд ва намегузоранд, ки аз камбуди маводи истеъмолӣ ва эҳтиёҷи рӯзмарра азият кашанд. Ҳатто борҳо қатори мошинҳои пурбор аз маркази вилоят ба ин самт ҳаракат кардааст ва эҳтиёҷи мардуми дар муҳосирамондаро нисбати маводи гуногун рафъ намудааст. Хушбахтона, ин раванд муттасил идома дорад.
Аммо бархе аз сокинони ин минтақаро он ҳол ба ташвиш овардааст, ки карантини коронавирус то кай давом хоҳад кард ва оё роҳҳои тронзитӣ барои равуои мардуми оддӣ боз хоҳанд шуд ё на? Гуфта мешавад, вазъият ба ин ҳол давом кунад, кушодашавии роҳҳо ба дарозо кашида шавад, косаи сабру тоқати мардум рӯзе лабрез хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, барои раҳоӣ аз ин бӯҳрони ҷиддӣ мақомоти ду кишвари ҳамҷаворро лозим меояд, ки барои кушодани гузаргоҳҳо гирди мизи музокира нишинанд, ба натиҷаи мусбат расанду мардумро аз ин бӯҳрон наҷот бахшанд. Он гоҳ эҳтимоли шиддатёбии ташаннуҷи авзоъ беш аз пеш коҳиш хоҳад ёфт ва фазои ин минтақа ҳаргиз ноором нахоҳад шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд