Дар палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон лоиҳаи қонуне баррасӣ шуд, ки боисаш занҳо ҳастанд, аммо бар нафъи мардон аст.

Тибқи он ба мардоне, ки кор мекунанд, ҳангоми таваллуди кӯдак рухсатии кӯтоҳмуддати пулакӣ дода мешавад, то онҳо ба ҳамсари худ кӯмак расонанд ва ба фарзандони дигар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

“Интизор меравад, ки ба мардон имкони рухсатии кӯтоҳмуддати 5 рӯз дар давоми моҳ бо музди давомдор барои кӯмак ба ҳамсари худ ва нигоҳубини фарзандони дигар дода шавад”, – лоиҳаро шарҳ додааст вакил Нодир Тилаволдиев.

Гуфта мешавад, ки то кунун чунин рухсатӣ дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ нашуда буд. Аз ин сабаб, мардон дар пайвастани масъулиятҳои касбӣ ва оилавӣ ба мушкилот дучор мешуданд ва ё маҷбур буданд, ки аз ҳисоби худ рухсатӣ гиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь