Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, айни замон 8 ҳолати сироятӣ коронавирус дар ин кишвар вуҷуд дорад. Натиҷаҳои таҳлил дар лабораторияи Пажӯҳишгоҳи вирусология нишон додаанд, ки яке аз наздикони нафари мубтало ба вирус, сирояти коронавирусро низ ошкор кардааст.

Ғайр аз ин, дар як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки санаи 14-уми март аз Лондон ба Тошканд парвоз кардааст, ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Айни замон тибқи дастури табибон ва мутахассисон таҳқиқоти тиббӣ ва эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  вируси COVID-19 бори аввал дар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, ошкор карда шуд. Баъдтар, коронавирус дар ҳамсар, фарзандон ва набераҳои бемор пайдо шуд. Боз як ҳолати сироятёбӣ аз ҷониби як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки субҳи 15-уми март аз Истамбул омадааст, кашф карда шудааст.

Ҳамчунин, раиси идораи мусалмонони Ӯзбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов дар шабакаи телевизионии “Узбекистон 24” муваққатан қатъ шудани намози ҷумъа дар масҷидҳоро барои пешгирии коронавирус эълон кард. Шӯрои уламои мусулмонони Ӯзбекистон  аз мусулмонони ҷумҳурӣ даъват кардаанд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус тамоми чораҳоро андешанд. То ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, мусалмонон бояд намози ҷумъаро дар хона гузаронанд ва инчунин панҷ вақт намози ҳаррӯза низ бояд дар хона баргузор шавад, муқарар шудааст аз ҷониби Шӯрои уламо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь