“Бебарқии мавсимӣ, набудани манбаи гармӣ ва оби гарм аз ҷумлаи мушкилоти чорапазиранд”, – ин нукта зимни як семинар, ки дар ҳошияи лоиҳаи “Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об бо воситаи энергияи барқароршаванда” аз ҷониби Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети журналистика баргузор шуд, зикр гардид.

Дар ин семинар директори иҷроияи ассотсиатсия Диловар Маъмуров дар бораи воситаҳои энергияи сабз сухан карда, номгӯйи лоиҳаҳое, ки дар манотиқи дурдасти Тоқикистон тарҳрезӣ кардаанд, шарҳу тавзеҳ дод.

– Истгоҳи “Поляна Москвина” дар  баландии 4350 метр воқеъ аст. Он барои кӯҳнавардоне, ки қуллаи “Исмоили Сомонӣ”-ро фатҳ кардан мехоҳанд, сохта шудааст. Аз ин мавзеи баланд системаи барқӣ намегузарад.  Дар он ҷо як панели офтобӣ насб шуд. Он барои нерӯ додани таҷҳизоти барқӣ, рӯшноӣ ва гармӣ додан, ки кӯҳнаврдони хориҷу дохил муваққатан барои мутобиқшавӣ ист мекунанд, хизмат карда метавонад, – яке аз лоиҳаҳои муваффақи ассотсиатсияро шарҳ дод Диловар Маъмуров.

– Мақсади лоиҳаи  “Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об бо воситаи энергияи барқароршаванда” ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои муҳими муҳити зист ва тавассути онҳо тарғиби востиаҳои энергияи сабз ба ҳисоб меравад. Мо дар давоми тренингҳо барои  ҷавонони хоҳишманд навиштани лоиҳаҳое, ки дар ин самт тақозо мешавад, меомӯзонем, – изҳор дошт  дар рафти рӯнамоӣ мушовири лоиҳа Фаррух Қосимов. – Истифодаи энергияи сабз барои Тоҷикистон хеле муфид аст. Мувофиқи нишондоди олимони ҷаҳонӣ дамои ҳаво дар рӯйи Замин на бояд аз 2 дарҷаи Селсий зиёд шавад. Дар сурати ифлосшавии обу ҳаво ва рахнашавии қабати озонии атмосфера эҳтимолияти гармшавии ғайримуқаррарӣ зиёд аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 17 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки айни гармшавии дамои ҳаво хатари онҳо низ меафзояд. Аз ин рӯ, истифодаи воситаҳои энергияи сабз як роҳи пешгирии чунин мушкилот буда метавонад.

Зимни бахши намоишии семинар донишҷӯён бо сохт ва махсусияти  панелҳои офтобӣ, обгармкунакҳои барқӣ ва ошхонаи офтобӣ шинос шуданд. Онҳо муваззаф шуданд, ки бардоштҳо ва пешниҳоди худро вобаста ба энергияи барқароршаванда дар шакли эссе нависанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь